Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қазоқистон ба варшикастагии тиҷорат мораторий эълом кард


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон
Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон

Дар Қазоқистон низоми ҳолати фавқулода, ки ба далели густариши вируси корона эълом шудааст, дар додгоҳ ҳамчун ҳолати форс-мажор ё ғайриинтизор эътироф карда мешавад.

Дар ин бора президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев хабар дод.

"Мутаассифона, мо имкон наёфтем, ки ҳамаи корхонаҳо, ҷойҳои кориро ҳифз ва устувории тиҷоратро таъмин намоем. Аз ҳамин хотир дар сатҳи қонунгузорӣ эътироф кардани ҳолати фавқулода ҳамчун форс-мажор зарур аст", - гуфт Тоқаев.

Вай ҳамчунин илова кард, ки ҳоло ҳимоят аз соҳибкорон ва пуштибонӣ аз онҳо дар марҳилаи душвор муҳим аст.

"Бо ҳадафи роҳ надодан ба фишор аз сӯи қарздиҳандагони бевиҷдон дастур медиҳам, ки раванди муфлис эълом кардани соҳибкорон то 1-уми октябри соли ҷорӣ боздошта шавад", - гуфт президенти Қазоқистон.

XS
SM
MD
LG