Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: Ҳамлаҳои ахири ҳукумат ва нирӯҳои Русия дар Сурия “ҷиноятҳои ҷангиро афзоиш медиҳад” 


Мактаби харобшуда дар Идлиби Сурия. Январи соли 2019
Мактаби харобшуда дар Идлиби Сурия. Январи соли 2019

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) мегӯяд, ки дар ин охирҳо 18 ҳамла дар шимолуғарби Сурияро ба қайд гирифтааст, ки кори дасти режими Сурия ва нирӯҳои Русия мебошанд ва ин ҳодисаҳо ҷиноятҳои ҷангӣ дар ин кишварро афзоиш медиҳанд. Ин гурӯҳи ҳомии ҳуқуқ рӯзи 10 май гуфт, ки бар асоси мушоҳидаҳои онҳо, аз моҳи маи соли 2019 то феврали соли 2020 дар Идлиб ва дигар истеҳкомҳои шӯришиён 18 ҳамла ба муассисаҳои тиббиву мактабҳо сурат гирифт. Ин ҳамлаҳо, ба навиштаи Афви Байнулмилал, кори дасти нирӯҳои ҳукуматии Сурия ваё муттафиқони русашон мебошад. Ин созмон мегӯяд, ки ин ҳамлаҳо баёнгари нақзи бисёркаратаи қонунҳои байналмилалии башарӣ мебошад. Дар гузориш омадааст, ки “ин ҳамлаҳо ҷиноятҳои ҷангиро афзоиш медиҳад”. Афви байнулмилал гуфт, ки то 4 май ва пеш аз нашри ин гузориш онро ба намояндагиҳои ҳукуматҳои Сурия ва Русия дар СММ ирсол кард, вале аз он ҷо ҳеҷ посухе дарёфт нашуд.

XS
SM
MD
LG