Нашрияи The New York Times дар мақолаи рӯзи 10 май навишт, як ширкати ҳуқуқии байналмилалии воқеъ дар Амрико ба хотири фирор аз баҳси додгоҳӣ бо собиқ нахуствазири Украина Юлия Тимошенко ба ӯ 11 миллион доллар пардохт кардааст. Ширкате бо номи Skadden, Arps, Slate, Meagher & Flom ба Тимошенко баъди он пул пардохт кардааст, ки дар гузорише зиндонӣ шудани Тимошекоро аз ҷониби рақиби сиёсии ӯ сафед кардааст. Тимошенко солҳои 2011-14 бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом зиндонӣ шуд, вале ҳукми ӯ мавриди маҳкумияти ҷомеаи байналмилалӣ гардид. Соли 2012 ширкате воқеъ дар Ню-Йорк ба ҳимояи ҳукумати рӯ ба Маскави президент Виктор Янукович пардохт ва гузорише нашр кард. Тимошенко дар сӯҳбат бо Times соли 2018 гуфт, ки барои ӯ дарёфти гузориши Skadden дардовар буд ва ӯ ин ширкатро барои бар ивази пул сафед кардани амалкарди Янукович ва ҳукумати ӯ гунаҳгор кард. Тимошенко каме баъд аз ин як ширкати ҳуқуқии амрикоиро истихдом кард ва аз болои Skadden шикоят бурд. Times мегӯяд, Тимошенко ва ҳуқуқшиноси ӯ Серҳий Власенко 5,5 миллионддолларӣ подош гирифтанд. Тимошеко ҳам дар як навиштаи фейсбукиаш рӯзи 4 май ба ин чиз ишора кардааст.