Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабукиҳо дар Аврупо ва эҳёи тадриҷии бизнес дар ИМА


Боғе дар Париж. 10 маи соли 2020
Боғе дар Париж. 10 маи соли 2020

Миллионҳо сокини Фаронса ва Испания дар паи сабуктар шудани қоидаҳои пандемия, шурӯъ аз 11 май аз муқаррароти ҳатмии хонашинӣ раҳо мешаванд. Вале дар Бритониё, ки дуюмин кишваре бо мизони баланди омори маргумир бар асари COVID-19 дар ҷаҳон аст, муқаррароти хонашиниву фосилагирии иҷтимоӣ тамдид шудааст. Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон сабукии андакеро ҷорӣ кардааст. Дар Фаронса мардум аввалин бор баъди ҳашт ҳафтаи карантин метавонанд бидуни иҷозат ба кӯча бароянд. Мактабҳои ибтидоӣ бо ихтиёри худ ва бархе фурӯшгоҳҳо аз 11 май боз мешаванд. Сокинони манотиқи дур аз шаҳрҳои калони мисли Мадрид ва Барселона акнун метавонанд дар ҳавлиҳои тарабхонаву кафеҳо ҷамъ шаванд.
Дар ҳамин ҳол нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, ки барои ин кишвар сабук кардани муқаррарот ҳанӯз барвақт аст. Ҷонсон рӯзи 10 май гуфт, онҳое, ки шароити идомаи кор аз хонаро надоранд, дар ҳафтаҳои баъдӣ “бояд барои ба маҳалли кор баромадан ташвиқ шаванд”.
Дар ИМА ҳам зарурати ҷон бахшидан ба иқтисод зиёд эҳсос мешавад, бар асари пандемия дар ин кишвар 33 миллион нафар ҷои кори худро аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG