Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайрӣ Назарова, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик дар 90-солагӣ даргузашт


Хайрӣ Назарова (аз тарафи чап). Акс аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Хайрӣ Назарова (аз тарафи чап). Акс аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Ҳунарпешаи шинохта Хайрӣ Назарова, ки аз ӯ ба унвони "Ҷулеттаи тоҷик" ҳам ном мебаранд, 10-уми май дар 90-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Аҳмадшо Улфатшоев, ҳунарманди театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, рӯзи якшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, мунтазири он ҳастанд, ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар мавриди шароити дафни Хайрӣ Назарова чӣ барнома пешниҳод мекунад.

Ӯ афзуд, Хайрӣ Назарова пас аз як ҳафтаи фавти духтараш Майя аз дунё рафтааст. "Сабаби асосии марги ӯро намедонем, вале ба мо гуфтанд, ки ҳунарпешаи шинохта аз бемории қалб даргузаштааст", - афзуд ӯ.

Аҳмадшо Улфатшоев мегӯяд, "Хайрӣ Назарова устоди аксар ҳунармандони театр аст. Дар миёни бозигароне, ки дар Шӯравии собиқ нақши Ҷулеттаро бозидаанд, беҳтарин буд."

Ҳунарманди дигари театри ба номи Лоҳутӣ Исфандиёр Ғуломов гуфт, "Хайрӣ Назарова мисли як устоду модар буд ва ҳамеша барои рушди санъати театр ҷонбозӣ кардааст".

Барзу Абдураззоқов, коргардони театр, бо шунидани хабари даргузашти Хайрӣ Назарова гуфт, сахт мутаассир шудааст.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова соли 1929 таваллуд шудааст. Ӯ дар Театри халқии Қӯрғонтеппа ва Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор кардааст.

Дар намоишномаи "Тоҳир ва Зӯҳро” нақши Зӯҳро, дар “Найрангҳои Майсара” нақши Ойхон ва дар “Арӯси панҷсума” нақши Райҳонро бозидааст. Коршиносон беҳтарин нақшҳои офаридаи ӯро дар намоишномаҳои “Ромео ва Ҷулетта” (1953, 1963), “Шоҳ Лир” (1957) ва “Отелло”-и Шекспир (1963) номбар мекунанд.

XS
SM
MD
LG