Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидбони Ҳуқуқи Башар хост, Эрон аз таъқиби норозиён даст кашад


Пораҳои ҳавопаймои мусофирбарии Украина, ки дар Теҳрон ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт
Пораҳои ҳавопаймои мусофирбарии Украина, ки дар Теҳрон ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Эрон хостааст, аз таъқиби афроде, ки ба хотири ҳадаф қарор додани як ҳавопаймои Украина ба зидди Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ эътирози сулҳомезро ба роҳ монданд, даст кашад.

Ҳавопаймои мусофирбарии Украина рӯзи сеюми январи имсол ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт, ки дар натиҷаи он 176 кас ба ҳалокат расиданд.

Ин ҳодиса пас аз он рух дод, ки Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорон дар як ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар Ироқ кушта шуд.

Теҳрон дар оғоз даст доштан дар суқути ҳавопаймои Украинаро рад кард, аммо баъдан гуфт, ҳавопаймо бо “хатои инсонӣ" ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтааст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, додгоҳҳои Эрон аз моҳи апрел то кунун 13 нафарро ба иттиҳоми эътироз алайҳи Сипоҳи посдорон ба зиндон маҳкум кардаанд.

Мақомоти эронӣ гуфтаанд, дар иртибот ба эътирозҳо 30 кас боздошт шуда, ҳамчунон шумори номушаххасе дар пайванд ба суқути ҳавопаймо дастгир шудаанд.

Бо онки Эрон гуфтааст, ҳодисаи маргбори суқути ҳавопаймоми Украинаро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод, вале мақомҳои ин кишвар ҷузъиёте аз таҳқиқоти худро то ҳанӯз расонаӣ накарданд.

XS
SM
MD
LG