Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон ба мансаби нави Саакашвили дар Украина эътироз кард


Михаил Саакашвили дар байн. Киев, 24-уми апрели 2020
Михаил Саакашвили дар байн. Киев, 24-уми апрели 2020

Гурҷистон ба нишони эътироз аз тасмими ахири Киев дар мавриди номзадии Михаил Саакашвили дар як ниҳоди ислоҳоти давлатӣ, сафирашро аз Украина бозхондааст.

Давид Залкалиани, вазири корҳои хориҷии Гурҷистон гуфт, Теймураз Шарашанидзе, сафири ин кишвар дар Украина барои мушовара ба Тифлис (Тбилиси) фарохонда шудааст.

Ин тасмими ҳукумати Гурҷистон як рӯз баъд аз он эълом шуд, ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, Михаил Саакашвили – президенти пешини Гурҷистонро ба раёсати Кумитаи иҷроии шӯрои ислоҳоти миллии Украина номзад кард.

Саакашвилии 52-сола аз соли 2004 то 2013 раиси ҷумҳури Гурҷистон буд. Вай дар ҷараёни қудраташ ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодиро дар он кишвар амалӣ кард, ки бархе онҳо дар Ғарб ситоиш шудааст.

Аз Саакашвили дар даври дувуми раёсати ҷумҳуриаш дар Гурҷистон ба хотири шеваи идораи ҳукуматдориаш интиқод мешавад.

XS
SM
MD
LG