Бо вуҷуди идомаи пандемияи коронавируси нав дар Беларус мардум барои тамошои раҳпаймоии низомие ҷамъ шуданд, ки бахшида ба 75-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ сурат мегирад. Дар Беларус то кунун 21 ҳазор нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд, вале раиси ҷумҳур Александр Лукашенко пандемияро камаҳамият ва “девонагӣ” номида, иҷоза надодааст, ки барои пешгирӣ аз густариши вирус дар кишвар гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодб маҳдуд карда шавад.
Лукашенко рӯзи 9-уми май гуфт, “Белорус ин рӯзи муҳимро дар замони душворе таҷлил мекунад, ҳарчанд мушкилоти ҳозира дар баробари сахтиву талафоте, ки ба сари насли қаҳрамоне, ки ҷаҳонро аз вабои сиёҳ наҷот дод, ҳеҷ чиз аст.” Барои тамошои раҳпаймоии низомӣ дар Минск ҳазорон нафар ҷамъ омаданд. Дар атрофи маҳалли раҳпаймоӣ 67 посгоҳи пулис таъсис доданд. Дар аксҳое, ки аз раҳпаймоӣ нашр шудаанд, афроди зиёдеро метавон дид, ки ниқоб надоранд.