Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА Русияро дар барангехтани низоъ дар Либия айбдор кард


Халифа Ҳафтар фармондеҳи артиши миллии худхондаи Либия барои ишғоли Триполӣ алайҳи ҳукумати муросои миллӣ меҷангад
Халифа Ҳафтар фармондеҳи артиши миллии худхондаи Либия барои ишғоли Триполӣ алайҳи ҳукумати муросои миллӣ меҷангад

ИМА Русияро дар вахимтар кардани вазъ дар кишвари ҷангзадаи Либия ва ирсоли муздурони суриягӣ барои ҳимоят аз Халифа Ҳафтар дар ҷангҳо барои ишғоли пойтахт – шаҳри Триполи гунаҳгор кард. Изҳороти мақомоти баландпояи Департаменти давлатӣ, ки 7 май садо дод, як рӯз баъди он буд, ки як гузориши СММ гуфт, тахминан 800 то 1200 ҷангиёни шартномавӣ аз гурӯҳи русии “Вагнер” дар шарқи Либия ҳайати гурӯҳи Ҳафтар, ки артиши миллии худхондаи Либияро таъсис додааст, фаъол ҳастанд. Пуштибонии русҳо аз Ҳафтар боиси тавсеаи низоъҳо ва бадтар шудани вазъи башарӣ дар Либия шудааст, гуфт Крис Робинсон, як мақоми Департаменти давлатӣ, ки дар умури Русия кор мекунад. Робинсон дар сӯҳбат бо журналистон гуфт, ки гурӯҳи “Вагнер” иштибоҳан “ҳамчун як ширкати хусусии русӣ ёд мешавад, вале дар амал ин як асбоби ҳукумати Русия аст, ки Кремлин аз он ҳамчун як абзори камхарҷ ва камхатар бароИ дастёбӣ ба ҳадафҳояш истифода мекунад”. Ҳайати СММ гуфт, ки ҳадди аққал аз оғози моҳи январ ширкати русӣ суриягиҳоро барои ҷанг дар Либия истихдом мекунад. Ҷим Ҷеффрӣ, фиристодаи вижаи ИМА барои Сурия ба хабарнигорон гуфт, ки ИМА бовар дорад Русия дар амри интиқоли ҷангҷӯён ва таҷҳизот ба Либия бо президенти Сурия Башор Асад ҳамкорӣ мекунад. Ӯ гуфт, “мо медонем, ки бешубҳа русҳо бо Асад дар амри интиқоли эҳтимолии ҷангиён ва ҳам таҷҳизот ба кишвари сеюм, эҳтимолан суриягиҳо ба Либия ҳамкорӣ мекунанд”.

XS
SM
MD
LG