Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19 дар Тоҷикистон набояд ҳуқуқи мардумро нақз кунад


HRW logo
HRW logo

Як масъули созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз Тоҷикистон талаб мекунад, ки чораҳои муассири "пешгирӣ, муолиҷа ва мубориза бо бемориҳои сироятиро" татбиқ кунад. Тоҷикистон ин паймонро имзо кардааст.

Муҳаққиқи Human Rights Watch дар Берлин Владислав Лобанов мегӯяд, ин санад ҳуқуқи ҳар инсонро барои доштани "сатҳи баландтарини сиҳатии ҷисмониву равонӣ" эътироф мекунад. Лобанов ин ҳарфҳоро дар робита ба вазъи кунунии Тоҷикистон ва худдории мақомот аз ҷорӣ кардани карантини умумӣ рӯзи 7-уми май баён дошт.

Ин ҳомии ҳуқуқ дар сӯҳбати хаттӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳама гуна маҳдудиятҳои ҷоришаванда дар робита бо COVID-19 дар Тоҷикистон бояд "мутаносиб ва танҳо ба ҳимояи сиҳатии аҳолӣ равона шавад".

Тоҷикистон баъд аз интиқодҳои зиёд рӯзи 30-юми апрел эътироф кард, ки дар кишвар коронавирус вуҷуд дорад ва то 7 май шумори гирифторонро 461 баршумурд. 12 нафар аз бемории ҳамагир фавтидаанд.

Вале бархе аз сокинон бо интиқод аз набуди шаффофият дар кори мақомоти беҳдоштиву тамос бо ҷомеа, ба воқеӣ будани ин омор шубҳа доранд ва тахмин мекунанд, ки рақами воқеии гирифторон эҳтимол аз ин бештар бошад.

Мояи дигари интиқодҳо дар ин замина худдории мақомот аз ҷорӣ кардани карантин ва тадбирҳои марбут ба фосилагирии иҷтимоиву хонашинӣ мебошад, ки дар кишварҳои дигари минтақа ва ҷаҳон ҷорӣ шуд.

Ин меъёрҳо, ба бовари табибон, метавонад барои пешгирӣ аз паҳншавии бештари коронавирус дар ҷомеа ҷилавгирӣ кунад ва натиҷаи онро бисёр давлатҳо дар пайи ду моҳи карантин мусбат арзёбӣ мекунанд. Вале дар Тоҷикистон мақомоти ҷудогона то ҳол гуфтаанд, ки чунин меъёрҳо бар зарари иқтисоди кишвар мешавад.

Владислав Лобанов гуфт: "Қонунҳои байналмилалӣ пешбинӣ мекунанд, ки дар ҳолати таҳдидҳои ҷиддӣ ба саломати аҳолӣ ва ҳолатҳои фавқулода, хатар ба ҷони миллат, маҳдуд кардани бархе ҳуқуқ ва озодиҳо, танҳо дар сурати зарурат ва аз лиҳози илмӣ асоснокшуда, инчунин агар татбиқи онҳо худсаронаву таҳқиромез ва аз назари замонӣ маҳдудшуда набошад, иҷозат дода мешавад”.

Ӯ таъкид кард, ки чунин маҳдудиятҳо бояд бо риояи “шарафи инсон, назоратшаванда ва мутобиқ ба мақсад бошанд”.

Дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон бисёриҳо аз мақомот тақозо мекунанд, ки ба ҷорӣ кардани карантини сартосарӣ иқдом кунанд, вале баробар бо ин норозиҳо ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, манъи кор ва берун шудан аз хона пеш аз ҳама ба вазъи зиндагии қишри осебпазири ҷомеа зарба мезанад.

Дар Тоҷикистон 30 дарсади аҳолӣ зери хатти фақр ба сар мебаранд ва бисёри онҳо маҳз аз даромади рӯзонаи худ дар бозору кӯча вобаста ҳастанд.

XS
SM
MD
LG