Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирояти 13 нафар ба COVID-19 дар як маросими дафн дар Қирғизистон


Ҳангоми санҷиши таби сокинон. Бишкек, Қирғизистон
Ҳангоми санҷиши таби сокинон. Бишкек, Қирғизистон

Вазъи беҳдоштӣ дар ноҳияи Чаткали вилояти Ҷалолобод бад шудааст. Дар ин бора муовини вазири тандурустии Қирғизистон Нурболот Усенбоев хабар медиҳад. Ба гуфтаи вай, гирифтории беш аз 10 одам ба вируси корона сабт шудааст.

"Дар ноҳия ҷаноза шуда, бархеҳо аз шаҳри Бишкек барои адои ҷаноза рафтаанд. Миёни меҳмонон касе гирифтори вируси корона будааст. 13 сокини ноҳия ба ҳамин далел гирифтор шудааст. Ҳамаи афроди мубталошуда муайян ва зери назорати табибон гирифта шудаанд", - гуфт муовини вазир.

Аммо ин манбаъ нагуфт, ки ҷаноза кай ва чи теъдод одамон дар он ширкат кардаанд.

Дар маҷмуъ дар Қирғизистон 895 кас ба вируси корона мубтало шуда, аз ин шумор 637 кас шифо ёфта, 12 тан вафот кардааст.

XS
SM
MD
LG