Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ баъди чанд моҳи номуайянӣ раҳбари собиқи хадамоти ҷосусӣ нахуствазир шуд


Бағдод, 7 май. Мустафо Ал-Козимӣ дар назди парлумон нақшаи кори ҳукумати навро муаррифӣ мекунад
Бағдод, 7 май. Мустафо Ал-Козимӣ дар назди парлумон нақшаи кори ҳукумати навро муаррифӣ мекунад

Раҳбари собиқи хадамоти ҷосусии Ироқ рӯзи 7 май аз ҷониби парлумон ба мақоми нахуствазирӣ тасдиқ шуд ва бо ҳамин панҷ моҳи номуайянӣ дар раҳбарияти Ироқ, ки бо рукуди иқтисодиву поинравии нархи нафт ва пандемияи коронавирус ба ҳамроҳ буд, ба охир расид. Мустафо Ал-Козимӣ баъди таҳаввулоти соли 2003 шашумин нахуствазири Ироқ шуд. Козимӣ номзади сеюми гурӯҳҳои парокандаи сиёсӣ дар парлумон аст, ки мавриди пуштибонии аксар аъзои маҷлис қарор гирифт. Парлумон нақшаи кори ҳукумати ӯро ҳам пазируфт. Нахуствазир Одил Абдулмаҳдӣ маҷбур шуд моҳи декабри порсол дар паи эътирозҳои чандинмоҳаи зиддиҳукуматӣ канор биравад. Козимӣ раҳбарии кишварро замоне ба ӯҳда мегирад, ки Ироқ бо бӯҳрони бесобиқаи иқтисодӣ рӯбарӯ аст ва ҳама гуна иқдом баосонӣ боиси сар задани эътирозҳои мардумӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG