Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беморхонаи марказии Хоруғ бо Интернети баландсуръат васл мешавад


Яке аз кӯчаҳои шаҳри Хоруғ
Яке аз кӯчаҳои шаҳри Хоруғ

Бо ташаббус ва дастури раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов қарор аст, бемористони марказии ин вилоят дар шаҳри Хоруғ ба Интернети доро суръати баланд пайваст карда шавад, то беморон, кормандони шифохона тавонанд, бо наздикони худ дар тамоси доимӣ бошанд ва вақташон дар бемористон хуб гузарад.

Интизор меравад чунин хадамотро бо роҳи бесим ва озоди WI-FI ширкати мобилии «Тселл» фароҳам орад.

Амалан ин нахустин иқдомест дар Тоҷикистон барои додани сабукӣ бе беморон ва кормандони тиббӣ дар давраи паҳн шудани бемории ҳамагири COVID-19 ва борҳост, аз тарафи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод мешавад.

Тоҷикистон аз рӯи суръати Интернети мобилӣ дар миёни 124 кишвар дар ҷойи охир қарор дорад. Дар гузориши Speedtest Global Index аз моҳи ноябри соли гузашта омадааст, ки интернети мобилӣ дар Тоҷикистон бо суръати 4,97 мегабит дар миёни 124 кишвар аз ҳама суст аст. Аммо аз лиҳози нархи пайванд ва истифодаи Интернет Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Нархи як гигабайт (ҳазор мегабайт) Интернет дар Тоҷикистон бе назардошти андозҳо на кам аз панҷоҳ сомониро ташкил дода, бо изофа шудани 18 дар сад андоз аз арзиши иловашуда ва панҷ дар сад аксиз, нархи як гигабайт Интернет ба беш аз 60 сомонӣ мерасад. То ҳол Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, раҳбараш Бек Зуҳуров дар бораи ҳеч гуна сабукӣ дар давраи пандемия хабар надодааст.

XS
SM
MD
LG