Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлдуз Усмоноваро барои танқиди кормандони пулис танбеҳ доданд


Юлдуз Усмонова
Юлдуз Усмонова

Вазорати фарҳанги Узбекистон ба амали сарояндаи машҳури ин кишвар Юлдуз Усмонова, ки дар як пахши мустақим дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм кормандони пулисро ба шиддат интиқод кард, эътироз баён намуд.

"Назари баёнкардаи Юлдуз Усмонова дар даврае, ки кишвари мо пушти сар мекунад, ғайриқобили қабул аст ва шояд сароянда хабар надорад, кормандони пулисе, ки ду моҳ мешавад, дар хона набуданд ва аъзои оилаи худро ҳам надидаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора шикояте намекунанд", - омадааст дар изҳороти вазорат.

Пештар сарояндаи мардумии узбек дар Инстаграм шикоят кард, ки кормандони пулис ба мардум дар ҳолати вазнинияшон кумак накарданд.

Ба гуфтаи сароянда, ӯ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хост, корвони мошинҳои кӯмаки башардӯстонаро то ба вилояти Сирдарё шабона ҳамроҳӣ кунанд. Вале мақомоти пулис гуфтаанд, тибқи қоида, сафар ба Сирдарё танҳо рӯзона иҷозат аст. Бинобар ин, Усмонова онҳоро дар Инстаграм танқид кард.

XS
SM
MD
LG