Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бритониё ба пизишкону оилаҳои тоҷик кумак ҷамъ меоранд


Азамат Султонов
Азамат Султонов

Гуруҳе аз тоҷикон дар Бритониё маъракаи ҷамъоварии маблағ барои кумак ба кормандони тиб ва 14 ҳазор оила дар Тоҷикистонро шурӯъ карданд. Онҳо ҳадаф доранд, ба зудӣ 2 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 200 ҳазор доллар ҷамъ биоранд.

Чанде аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик, аз ҷумла Далер Назаров, Ҷонибеки Мурод, Нигина Амонқулова, Валиҷон Азизов, Зулайхо Маҳмадшоева, Беҳрӯз Зеваров ва Шабнами Сурайё ба ин маърака ҳамроҳ шудаанд. Қарор аст, онҳо рӯзи 20-уми май дар як консерти онлайн ширкат варзанд.

Ин иқдоми хайрияро созмони “Пешрафт” зери унвони "Мо ҳамдардем" шурӯъ кард, ки муассисонаш тоҷикони муқими Лондон ҳастанд.

Азамат Султонов, яке аз ташаббускорон ва муассисони созмони хайрияи “Пешрафт” рӯзи 5-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Лондон гуфт: "Маблағҳои хайрия барои ҳимоят аз кормандони тиб ва онҳое ки аз коронавирус осеб дидаанд, равона мешавад".

Ҳадафи иқдом ба суроғаҳои мушаххас дастрас намудани 14 ҳазор халтаи хӯроквории ниёзи аввал барои оилаҳои нодор, шахсони барҷомондаи танҳо ва кормандони тиб аст, дар хатти аввали мубориза бо коронавирус истодаанд.

Бино ба арзёбии ташкилкунандагон беш аз 100 ҳазор нафар аз ин бастаи кумакҳо баҳравар мешаванд.

Ин иқдомро ҳамчунон чанде аз бонкҳо, аз ҷумла Алиф Бонк, Бонки Арванд ва шабакаи фурӯшгоҳҳои Ёвар низ ҷонибдорӣ кардаанд.

Ташкилкунадагони иқдоми хайрия мегӯянд, барои таъмини шаффофият тамоми бастаи кумакҳое, ки расонида шудаанд, бо суроғаҳои мушаххас онлайн дар сомонаи http://www.peshraft.charity ва саҳифаи созмон дар Facebook дастрас хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG