Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Толибон аз ҳукумати Афғонистон ба озодкунии зудтари зиндониҳо


6 май ҳукумати Афғонистон 102 узви Толибонро аз зиндон озод карданд
6 май ҳукумати Афғонистон 102 узви Толибонро аз зиндон озод карданд

Толибон аз ҳукумати Афғонистон даъват карданд, ки ҷараёни озодкунии зиндониҳоро суръат бахшад. Созиши сулҳи таърихӣ миёни ИМА ва Толибон рӯзи 29 феврал имзо шуд ва бар асоси он, ҳукумати Афғонистон бояд 5000 Толибони зиндониро озод кунанд. Ин як шарти муҳими хатми ҷанги 18-сола дар Афғонистон аст. Толибон бар иваз бояд 1000 узви нирӯҳои ҳукуматии Афғонистонро аз зиндонҳои худ раҳо кунанд. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Толибон рӯзи 4 май дар Твиттери худ навишт, ки дар давоми се рӯзи гузашта ҳукумати Кобул 300 узви Толибонро раҳо ва аз ин тасмим истиқбол кард. “Вале ин ҳам кофӣ нест. Ҷараён бояд ба хотири эмин мондани зиндониҳо аз коронавирус ва шурӯи зудтари музокироти миёни афғонҳо ба роҳ монда шавад”. То имрӯз ҳукумати Афғонистон 750 узви Толибонро аз зиндонҳо раҳо кардааст. Ба иттилои дафтари Шӯрои амнияти миллӣ, Толибон 112 узви ҳукуматро раҳо кардаанд.

XS
SM
MD
LG