Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбинии марги бештар бар асари коронавирус дар ИМА


Лос-Анҷелес, апрели соли 2020
Лос-Анҷелес, апрели соли 2020

Омори марги инсонҳо бар асари пандемияи коронавирус аз чоряк миллион нафар убур карда, шумори олудашудаҳо беш аз 3,5 миллион нафарро ташкил додааст. Дар пасманзари пешгӯиҳо аз марги бештари инсонҳо дар ИМА, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эҷоди воксинаи зидди коронавирус 8 миллиард доллар тақозо кардааст. Пешбиниҳои нигаронкунандаи вазъи ИМА-ро ахиран Пажӯҳишгоҳи арзёбии сиҳҳатӣ дар назди Донишгоҳи Вашингтон нашр кард. Ин дар ҳолест, ки баъди чандин ҳафтаи сангин Аврупои Ғарбӣ тадриҷан ба худ меояд ва арзёбии мутахассисони тиб ин аст, ки қора мушкилтарин марҳилаи пандемияро пушти сар кардааст. Дар Аврупо омори ҳалокати инсонҳо баъди ду моҳи инзиво поин меравад. Дар пешгӯиҳои Пажӯҳишгоҳи арзёбиҳои сиҳҳатии Донишгоҳи Вашингтон, ки онро дар Кохи Сафед ҳам истифода мекунанд, омори марги инсонҳо бар асари коронавирус то оғози моҳи августи имсол 135 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Ин тақрибан ду баробар бештар назар ба ҳисобҳои қаблии 17 апрел мебошад. Ин пешгӯиҳо дар ҳолест, ки рӯзи 4 май раҳбарони ҷаҳонӣ дар як конфронси видеоӣ тааҳуд карданд, ки барои озмоишҳои воксинаи нави зидди коронавирус 8,1 миллиард доллар ихтисос медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мардуми Аврупову ИМА, бахше аз Осиё ва Уқёнусия боэҳтиёт фаъолияти кориву маиширо аз сар мегиранд.

XS
SM
MD
LG