Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, теъдоди гирифторони COVID-19 ба 230 нафар расид. Дар Бадахшон низ ҳаст


Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки теъдоди гирифторони бемории COVID-19 дар кишвар якбора зиёд шуда, ба 230 нафар расид. Дар шабонарӯзи гузашта табибон 102 мавриди нави сирояти бемориро сабт кардаанд ва як нафари дигар ҳам бар асари беморӣ фавтидааст. Шумори қурбониён дар маҷмуъ ба 3 нафар расид

Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 4-уми май аз қавли мақомоти Вазорати тандурустӣ навишт, "то соати 16:30 дар мамлакат 230 ҳолати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба шаҳрвандон... ба қайд гирифта шуд."

Вазорат бори аввал хабар дод, ки теъдоди аз ҳама бештари гирифторон дар шаҳри Душанбе ва сипас дар вилояти Суғд сабт шудаанд.

Дар пойтахти Тоҷикистон вирус ба 110 нафар сироят кардааст ва дар вилояти Суғд 70 нафар гирифтор будаанд. Дар иттилоияи расмии Вазорати тандурустӣ гуфта мешавад, беморӣ ба Вилояти Бадахшон ҳам расидааст ва дар онҷо 7 нафар гирифтори COVID-19 шудаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ки ноҳияҳои Ҳисору Ваҳдату Рӯдакӣ ва чанде дигар аз ноҳияҳои кишварро дар бар мегирад, 21 мавриди сирояти бемориро сабт кардаанд.

Дар Хатлон, сераҳолитарин вилояти Тоҷикистон, COVID-19 гиребони 21 нафарро гирифтааст.

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин гуфтааст, дар як шабонарӯзи гузашта 246 нафар пас аз ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ҷавоб дода шудаанд.

Тоҷикистон то рӯзи 30-юми апрел, яке аз кишварҳои ангуштшумори “орӣ аз коронавируси нав” ба шумор мерафт, вале шубҳа дар мавриди баёнияҳои мақомот, ки вирус ба Тоҷикистон нарасидааст, зиёд буд.

Баъди зиёд шудани гузоришҳо доир ба сирояти “илтиҳоби шуш” дар гӯшаву канори кишвар ва зиёд шудани маргу мир аз ин беморӣ мақомот 30-юми апрел эълон карданд, ки дар Тоҷикистон 15 нафар ба COVID-19 мубтало шудаанд.

Эълонро ҳам қабл аз сафари гурӯҳе аз мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Душанбе нашр карданд.

Айни замон ин ҳайат ба арзёбии вазъи сирояти беморӣ ва тавоноии шифохонаҳо, омодагии кишвар барои муолиҷаву кумак ба беморон машғул аст.

Бо назардошти гузоришҳои зиёд дар бораи бемории “илтиҳоби шуш”, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва мутахассисон мегӯянд, беморӣ аз қабл буд ва оморе, ки мақомот эълон кардаанд, баёнгари миқёси воқеии сирояти коронавируси нав нест.

Як корбари вебсайти Радиои Озодӣ бо интиқод аз амалкардҳои ҳукумати Тоҷикистон дар муқобила бо беморӣ гуфтааст, "агар пинҳон намекарданд ва пешгирӣ мекарданд, ба ҳамин ҳолат намерасид".

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар баёнияи расмӣ гуфтааст, "ҳукумат ва вазорат айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ мекунанд." Айни замон гузоришу видеоҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, ки нишон медиҳанд, дар баъзе шифохонаҳо, беморонро қабул намекунанд ва ба дигар муассисаҳои тиббӣ мефиристанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (72)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG