Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷаҳон Рӯзи Озодии Матбуотро таҷлил карданд


Акс аз Куриёи Шимолӣ аз кишварест, ки матбуоти мустақил онҷо аслан вуҷуд надорад.
Акс аз Куриёи Шимолӣ аз кишварест, ки матбуоти мустақил онҷо аслан вуҷуд надорад.

Рӯзи 3-уми май дар ҷаҳон Рӯзи Озодии Матбуотро таҷлил карданд ва дар замоне, ки мақомот дар чандин кишвар бо таҳдиду озор намегузоранд, хабарнигорон доир ба пандемияи коронавирус гузориш бинависанд. Рӯзи 3-уми майро Созмони Милал, Рӯзи Озодии Матбуот эълон кардааст ва имсол дар замонест, ки гузоришҳо ва хабарҳои дуруст доир ба пандемияи коронавируси нав ва карантину маҳдудиятҳо, аз муҳимтарин ахбор барои ҷомеа шудаанд.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 2-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, “бисёр муҳим аст, ки ҳам хабарнигорони касбӣ ва ҳам хабарнигорони мардумӣ ончиро ки мебинанду мешунаванд, гузориш бидиҳанд ва назарашонро озод баён кунанд”. Ӯ афзуд, дар ин замоне, ки тамоми мақомот бояд матбуоти мустақилро муҳофизат кунанд, баъзе аз ҳукуматҳо, дониста ба дурӯғпароканӣ машғуланд, иттилооти муфиду дурустро сензура мекунанд ва монеи фаъолияти хабарнигорон мустақил мешаванд. Бе ном бурдани ҳеҷ як кишваре, Майк Помпео аз ҳукуматҳо хост, фавран ба сензура хотима бидиҳанд ва хабарнигоронеро, ки барои корашон паси панҷара рафтаанд, озод кунанд.

Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эътироф кард, ки пандемияи коронавируси нав, сабаби авҷ гирифтани дурӯғпароканӣ, тавсияҳои зиёновар ва фарзияҳои қабеҳи “тавтиа” шудааст. Ӯ гуфт, гузоришҳои санҷидаву илмӣ ва хабару таҳлилҳо бар асоси далел “позаҳр” ба ҷойи он ҳама дурӯғпароканиҳо аст.

XS
SM
MD
LG