Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки барои муҳофизати қишрҳои осебпазир аз бемории КОВИД-19 дар Тоҷикистон 600 ҳазор доллар кӯмак мерасонад. Пратибҳа Меҳта, раҳбари дафтари ин созмон дар Душанбе рӯзи 2-уми май дар баёнияи расмӣ гуфтааст, маблағи мазкур барои муқобила бо бемории КОВИД-19 дар ояндаи наздик ҷудо мешавад ва асосан барои қишрҳои осебпазир дар Тоҷикистон харҷ хоҳад шуд.
Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, парвози ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба шаҳри Франкфурти Олмон, ки рӯзи 1-уми май сурат гирифт, аз тарафи Барномаи Рушди Созмони Милал ташкил шудааст ва ҳадафи он ба Тоҷикистон овардани 3.6 тонна давои метадони гидрохлорид буд, ки барои муолиҷаи баъзе аз афроди гирифтори вируси норасоии масунияти бадан (HIV) ва гурӯҳҳои осебпазир дар баробари ин беморӣ ба кор меравад.
Дар ин ҳавопаймо ба гуфтаи намояндагии созмон дар Душанбе, ваксинаҳо ба зидди бемории фалаҷи атфол, дигар доруҳои муҳим ва ҳайати мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро овардаанд, ки ҳоло вазъи густаришии бемории КОВИД-19 дар Тоҷикистон ва тавоноии кишвар дар муқобила бо вируси вогирро таҳқиқ мекунанд. Ҳавопаймои “Сомон Эйр” аз Душанбе шаҳрвандони Аврупо ва хонаводаҳои онҳоро ба Олмон бурдааст.