Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон рафтуомади ҳавоии дохилиро барқарор кард


Қазоқистон рафтуомади ҳавоии дохилиро, ки аз сабаби сирояти коронавирус мутаваққиф шуда буд, барқарор кард.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон рӯзи 1-уми май парвозҳоро дар хатсайри Алмато-Нурсултон барқарор карданд. Ин амал дар чорчӯби бартараф намудани карантин амалӣ мешавад, ки қадам ба қадам татбиқ хоҳад шуд. Раиси пулиси нақлиёт Талъат Толибов мегӯяд, иҷрои меъёрҳои амниятиву беҳдоштӣ ҷиддан назорат мешавад.

“Сабти ном ва иҷозати парвоз дар ҳоле дода мешавад, ки мусофир тафтиши зидди коронавирусро гузашта бошад. Ва ин тафтиш набояд муддати аз 7 рӯз бештарро дар бар гирад”, - афзуд ӯ.

Хабаргузории Тенгринюс мегӯяд, рӯзи ҷумъа дар парвози аввал шаш мусофир чунин санади тафтиши коронавирусро надоштанд ва онҳоро ба ҳавопймо роҳ надоданд.

Тибқи дастурҳои кунунӣ дар толори интизорӣ ва ҳавопймо мардум набояд ба ҳам наздик шаванд. Дар дохили ҳавопаймо мусофирон дар курсиҳои назди тиреза ва роҳрав мешинанд. Курсии мобайн холӣ мебоашд.

Баъди парвоз ҳавопаймо бояд дезинфексия карда шавад.

Рӯзи 4-уми май парвозҳо аз Алмато ва Нурсултон ба шаҳрҳои Қизилорда, Петропавлоск, Каменогорск ва чанд маркази дигари вилоятҳои Қазоқистон иҷозат дода мешаванд. Фурӯши билетҳо оғоз ёфтааст.

XS
SM
MD
LG