Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷири маъруфи дору дар Кӯлоб даргузашт. Мақомот гуфтанд, илтиҳоби шуш буд


Ҷаббор Ғуломов
Ҷаббор Ғуломов

Ҷаббор Ғуломов (Ҳоҷӣ Ҷаббор), молики 55-солаи силсилаи доруфурӯшиҳо дар Кӯлоб ва қудои рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо, шаби 1-уми май дар бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоб фавтидааст. Ӯро ду рӯз пеш бо таби баланд ва сулфаи хушк бистарӣ карда буданд.

Яке аз наздикони Ҷаббор Ғуломов 1-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "хостем, ҷасадашро ба хона барем, иҷозат нашуд. Баъд ба қабристон бурда, дафн карданд".

Мусоҳиби мо гуфт, Ҷаббор Ғуломовро дар бемористон як писараш ҳамроҳӣ мекард ва ҳоло ӯ дар карантин аст. Аъзои дигари хонавода низ зери назорати пизишкон будаанд.

Ҷаббор Ғуломов аз замони ҷанги дохилӣ ба тиҷорати дору рӯй оварда, силсилаи дорухонаҳо дошт.

Дар ҳоле ки чанд нафари наздик ба Ҷаббор Ғуломов гумон доранд, ки ӯ бар асари бемории ҳамагир фавтидааст, мақомоти тандурустӣ мегӯянд, ӯ нишонаҳои илтиҳоби шуш дошт. Садриддин Ғаюров, сардори раёсати тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб, гуфт: “Ҷаббор Ғуломов бо нишонаҳои илтиҳоби шуш бистарӣ шуда буд. То ҳол дар Кӯлоб сирояти СOVID-19 сабт нашудааст.”

Тибқи иттилои расмӣ дар бемористонҳои минтақаи Кӯлоб 112 нафар бо бемории шадиди роҳҳои нафас ё илтиҳоби шуш бистарӣ шудаанд.

Бархе аз сокинон ба ин маълумот бо шубҳа менигаранд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон қаблан мавҷудияти коронавирусро дар кишвар ба шиддат рад мекард ва фавти пайиҳами беморонро ба илтиҳоби шуш рабт медод, рӯзи 30-юми апрел якбора аз сироят шудани 15 нафар ба коронавируси нав гузориш дод. Ин афрод дар вилояти Суғду шаҳри Душанбе будаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар се моҳи аввали имсол 5023 нафар бемори илтиҳоби шуш шуданд, ки дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта камтар аст. Вале мақомот дар бораи шумори беморон ва қурбониёни илтиҳоби шуш дар моҳи апрел ҳеч иттилоъ надодаанд.

XS
SM
MD
LG