Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Риши Капур ва Ирфон Хон - ду ситораи синамои Ҳинд


Риши Капур, ҳунарманди маъруфи синамои Ҳинд дар 67-солагӣ фавтид.
Риши Капур, ҳунарманди маъруфи синамои Ҳинд дар 67-солагӣ фавтид.

Ҳунарманди маъруфи синамои Ҳинд Риши Капур рӯзи чаҳоршанбе бар асари беморӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Мумбай даргузашт. Нашрияи Hindustan Times навишт, ки Риши Капури 67-сола аз ду сол ба ин тараф аз беморӣ ранҷ мебурд.

Ин дувумин ҳунарманди маъруфи синамои Ҳинд аст, ки давоми як ҳафта даргузаштанд. Рӯзи гузашта ситораи дигари синамои Ҳинд Ирфон Хон низ дар шаҳри Мумбай бар асари бемории уфунати рӯда даргузашт.

Шуморе аз шахсиятҳои ҳунарӣ ва сиёсии Ҳинд, аз ҷумла Амитах Бачан ва Раҳул Гандӣ даргузашти Риши Капур ва Ирфон Хонро таслият гуфтанд. Раҳул Гандӣ, раҳбари Ҳизби Конгресси миллии Ҳинд дар "Твиттер" ин ҳафтаро барои синомои Ҳинд "фоҷиабор" хонд.

Риши Капур дар даҳҳо филм нақш офарида буд.

Ирфон Хон ҳам бинобар иҷроҳои зариф маъруф буд ва бисёре ӯро яке аз боистеъдодтарин бозигарони синамои Ҳинд медонистанд.

XS
SM
MD
LG