Фаъолони Қазоқистон рӯзи 29 апрел аз мақомот хостанд, ки мафҳумҳои "ҳамсари пешин" ва "ҳамзист"-ро аз қонун дар бораи хушунати маишӣ берун оранд. Фаъолон бори дигар ба ислоҳи камбудиҳое даъват карданд, ки ба бовари онҳо, боис мешаванд, ҳуқуқи қурбониҳои хушунат ба таври шоиста ҳифз нагардад.
Бунёди "ХомӯшНабошKZ" («НеМолчиKZ») мегӯяд, қонуни амалкунанда "айбро сабук мегардонад" ва онро бояд "оҷилан ва комилан" тағйир дод. Фаъолон гуфтанд, пулис танҳо вақте даст ба кор мешавад, ки қурбонии хушунат ҷароҳати сахт бардоштааст ва ё дар натиҷаи латту кӯб фавтидааст.
Ин даъвати фаъолон дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран зане дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон фавтид. Бино ба хабарҳои нашршуда, ин зан гӯё дар пайи озори ҳамсари пешинаш фавтидааст. Пулис хабар дод, рӯзи 27 апрел зани 38-солае аз хушунати ҳамсари 28-солааш шикоят кард. Пулис мардро даъват ва забонхат гирифт. Рӯзи дигар ҷасади занро бо захмҳои корд дар даҳлези бинои зисташ пайдо карданд. Пулис гуфт, ҳамсари зан боздошт шудааст.
Ба иттилои бунёди "ХомӯшНабошKZ", 70 дарсади занҳое, ки дар пайи низои хонаводагӣ ба пулис муроҷиат мекунанд, аз хушунати шавҳарон шикоят доранд.
Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, талоши мақомот бо қабули қонун дар соли 2009, дар амри ҳалли масъалаи мазкур, ноком шудааст. Ин қонун робита доштани мутаҷовизро бо қурбонии хушунат давоми 30 рӯз манъ ва ҳамзамон муҳайё сохтани истиқоматгоҳи муваққатиро пешбинӣ мекунад. Мунтақидон мегӯянд, дар қонун ҷавобгарии ҷиноӣ барои расонидани хушунат пешбинӣ нашудааст.
Дар Қазоқистон хушунати маишӣ соли 2017 ғайриҷиноӣ эълом шуд.