Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон аз 4 май мағозаҳо дубора кушода мешаванд


Яке аз бемористонҳо дар Қазоқистон.
Яке аз бемористонҳо дар Қазоқистон.

Мақомоти Қазоқистон иҷоза доданд, ки сар аз 4 май соҳибкории хурду миёна дубора ба фаъолият пардозад. Тасмими иҷозаи фаъолият дар ҷаласаи Комисияи давлатии таъмини ҳолати фавқулода рӯзи 29 апрел қабул шуд.

Ба ин тартиб, сар аз 4 май тиҷорати зерин ҳаққи боз кардани дарҳоро дорад:

мағозаҳои ғайриғизоии дорои то 500 метри мураббаъ;

суратгирхонаҳо;

гулфурӯшиҳо;

сартарошхонаҳо;

марказҳои тиббӣ;

дандонпизишкҳо;

ширкатҳои хариду фурӯши амволи ғайриманқул,

оҷонсиҳои реклама;

вакилони мудофеъ;

нотариусҳо;

муассисаҳои хурди молӣ,

ширкатҳои суғурта;

ломбардҳо;

саррофиҳо;

ширкатҳои фурӯши дастгоҳҳо ва барномаҳои иттилоотиву иртибототӣ.

Ба сокинони Қазоқистон ҳамзамон сар аз 4 май машғул шудан ба варзиш дар кӯча иҷозат мешавад.

Сар аз 1 май парвозҳои доимӣ байни шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато ва аз 4 май байни шаҳрҳои дигари ин кишвар ба роҳ монда хоҳад шуд. Мақомот ҳамзамон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ тавсия додаанд, ки аз меъёр камтар мусофир бигиранд.

Дар Қазоқистон сар аз 15 март ба ин тараф ҳолати фавқулода ҷорӣ аст.

Бино ба омори охир, дар он кишвар шумори мубталоён ба 3 ҳазор ва шумори фавтидагон ба 25 расидааст.

XS
SM
MD
LG