Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дигарбора Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи динӣ танқид кард


Яке аз масҷидҳои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Гузориши нави Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ (USCIRF) Тоҷикистонро ин навбат низ ба гурӯҳи кишварҳои "мавриди нигаронии хос" шомил кардааст. Ин дар ҳолест, ки гузориши тозанашри солонаи он вазъи як қатор кишварҳои дигарро барои пешрафт ва тағйироти мусбат ситоиш кардааст.

Раҳбари USCIRF Тони Перкинс рӯзи 28-уми апрел дар муаррифии ин гузориш гуфтааст, ки муҳаққиқон аз пешрафти бархе кишварҳо дар амри "эҷоди фазои амнтар барои озодиҳои диниву виҷдон" дар соли 2019 "дилгарм" шудаанд ва аз ҷумлаи онҳо Судон ва Узбекистон мебошанд. Дар Узбекистон, ба навиштаи муаллифон, мақомот мутобиқ ба ӯҳдадориҳо амал карда, ба гурӯҳҳои мазҳабӣ озодиҳои бештар фароҳам овардаанд.

Айни замон, ин гузориш аз вазъи 14 кишваре изҳори нигаронӣ кардааст, ки ба гурӯҳи "кишварҳои мавриди нигаронии хос" шомил ҳастанд. Муаллифон мегӯянд, дар ин кишварҳо ҳукуматҳо ба нақзи ҳуқуқи "пайваста, доимӣ ва азим", даст мезананд. Дар баробари Тоҷикистон ба ин гурӯҳи кишварҳо инчунин Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон ва инчунин Ҳинд, Нигерия, Русия, Сурия ва Ветнам шомил ҳастанд.

Ҳинд соли ҷорӣ ба гурӯҳи кишварҳои "бадтарини бадтаринҳо" шомил шуда, ба қавли муҳаққиқони амрикоӣ, мисли Кореяи Шимоливу Эрон демократияи азимтарини ҷаҳонро ба як режими худкома табдил додааст. Ин кишвар барои як қатор иқдомҳо, аз ҷумла, барои иҷозаи гирифтани шаҳрвандии Ҳинд барои ғайримусалмонҳои Афғонистону Бангладешу Покистон, маҳкум шудааст.

Чин барои саркӯби 1,8 миллион уйғури мусалмон ва дар урдугоҳҳо ҷой додани онҳо ва Русия барои таъқиби пайравони "Шоҳидони Яҳво", мавриди интиқод қарор гирифт.

Дар Тоҷикистон, ба навиштаи муаллифони USCIRF, соли 2019 вазъи озодиҳои аз ҷониби давлат маҳдудшудаи динӣ боз ҳам бадтар шуд. Гузориш мегӯяд, "режими президент Эмомалӣ Раҳмон сиёсати саркӯбгаронаро тақвият дода, намоиши ошкорои диндории фардии ҳама гурӯҳҳоро саркӯб карда, аққалиятҳои динӣ, бавижа Салафиҳоро… таъқиб кардааст".

Ба навиштаи муаллифон, "мақомот рукнҳои диниро аз ҷумла дар маросими арӯсиву дафн саркӯб карда, таъқиби афрод барои ришдориву ҳиҷобпӯширо идома доданд".

Гузориш мегӯяд, ки бо баҳонаи мубориза бо тундгароии динӣ "аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон азият шуда", "аъзои хонаводаи зиндониҳои ҲНИТ, ки дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА ширкат карданд, озор диданд".

Гузориш аз як дастури президент Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 29 июли соли 2019 ёдовар шудааст, ки вуруди либосҳои "муаррификунандаи фарҳанги бегона", яъне манъи либосҳои исломии занонаро дар назар дошт. Боздошти Нилуфар Раҷабова ва 20 зани дигари ҳиҷобпӯш, ҷаримабандии ӯ бо иттиҳоми "авбошӣ" ҳамчун намунаи муборизаи мақомоти Тоҷикистон бо "либоси бегона" ёд шудааст.

Муаллифони гузориш нигарониҳои аққалиятҳои динии Тоҷикистон аз нақшаи мақомот барои қайдгирии мансубиятҳои динии шаҳрвандон дар нуфусшумории соли 2020 ёдовар шудааст. "Бисёр аққалиятҳои мазҳабӣ мансубияти динии худро пинҳон медоранд, чун метарсанд, ки мавриди азияти давлат қарор мегиранд",-гуфтаанд муҳаққиқони амрикоӣ.

"Шоҳидони Яҳво" аз соли 2007 ба ин сӯ мамнӯъ ҳаст ва соли 2019 як пайрави ин гурӯҳи динӣ Шамил Ҳакимов "барои паҳн кардани ақидаҳои диниаш" ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд. Оғози соли 2019 мақомот 5 ҳазор адад тақвими дини баптистиро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мусодира карда ва гуфтанд, ки мазмуни он таблиғи дини бегонаро дорад.

Гузориши муҳаққиқони озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон ба ҳукумати ИМА машварат медиҳад, ки барои ислоҳи вазъ бояд минбаъд ба ин кишвар ёриҳои башардӯстонаро бо гузоштани шарт ироа карда, нисбати бархе сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва шахсиятҳои ҷудогона таҳримҳои ҳадафмандона ҷорӣ кунад. Таҳрим бояд ба сохторҳое марбут бошад, ки даст ба нақзи шадиди озодиҳои динӣ мезананд.

Машварати USCIRF ин аст, ки дар доираи ин таҳримҳо дороиҳои ин афрод масдуд шуда, визаи вуруд ба ИМА дода нашавад. Инчунин Комиссияи озодиҳои динӣ ба ҳукумати ИМА машварат додааст, ки ба ҳукумати Тоҷикистон дар баландтарин сатҳ фишор оварад, то шахсони барои иҷрои фаъолиятҳои сулҳомези диниашон зиндонишударо озод кунанд ва нозирони байналмилалиро иҷоза бидиҳанд, то аз зиндонҳо дидан карда, сабабҳои сар задани ошӯбҳои гузаштаро таҳқиқ кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба гузориши тозанашри Комиссияи озодиҳои динии ИМА вокуниш накардаанд, вале дар гузашта нороҳативу мухолифтаи худро бо интиқодҳои баёншуда пинҳон намедоштанд. Аз ҷумла, дар шарҳи мавқеи худ барои бастани ҲНИТ онро "ҳизби террористиву мамнӯъ” номидаанд, ки инро худи ин ҳизб комилан беасос номида, онро рад мекунад.

Дар ҳимоят аз сиёсати мубориза бо ақидаҳои "бегонаи динӣ" мақомот борҳо гуфтаанд, ки ҳадаф роҳ надодан ба бесуботии сиёсӣ ва мубориза бо ифротгароии динӣ мебошад. Вале аз назари мунтақидон, ин ҳама иттиҳомот бепояву асос буда, ба маҳдуд кардани озодиҳои сиёсиву динии шаҳрвандон равона шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG