Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбинии БҶ: Рушди иқтисоди Тоҷикистон кунд мешавад. Мақомот розӣ нестанд


Як корхонаи саноатӣ дар шаҳри Бохтар.
Як корхонаи саноатӣ дар шаҳри Бохтар.

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи худ пешбинӣ карда аст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон кунд шуда, cоли 2020 ҳамагӣ 1,7 дарсад хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи барномаи ҳукумат, иқтисоди Тоҷикистон имсол бояд 8 дарсад рушд кунад.

Қабл аз арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, иқтисоддонҳои Бонки Осиёи Рушд гуфта буданд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон то ду соли дигар кам шуда, соли ҷорӣ 5,5 фоиз ва соли 2021 панҷ дарсад хоҳад шуд.

Иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ менависанд, бинобар рукуди иқтисоди кишварҳои Русия ва Чин, рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳам заиф шуда, соли 2020 1,7 дарсад ва солҳои 2021 ва 2022 3,5 дарсад хоҳад буд. Каср ва ё камомади пули будҷа ба арзёбии иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба 5 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар хоҳад шуд. Аммо будҷаи Тоҷикистон имсол бо касри 0,5 дарсадӣ тарҳрезӣ шудааст.

Бонки ҷаҳонӣ тавсия додааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ислоҳот барои беҳтар кардани шароити соҳибкориро ҳарчӣ зудтар рӯи даст бигирад ва барномаи кумакҳои иҷтимоӣ ба сокинонро дар 28 ноҳияи дигари кишвар амалӣ созад. Дар ғайри сурат ба таъкиди таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ, бо гарон шудани нархи маводи ғизоӣ дастовардҳои кишвар дар кам кардани камбизоатӣ аз байн меравад.

Дар гузориш ҳамчунин пешбинӣ мешавад, мизони қарзҳо мушкилситон дар бонкҳо меафзояд ва арсаи бонкии кишвар, ки баъди буҳрони соли 2016 каме ҷон гирифт, дубора дучори мушкил хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, мақомдорони тоҷик мегӯянд арзёбиҳои Бонки Ҷаҳонӣ дуруст нест ва бо он розӣ шуда наметавонанд. Рустам Қудратов, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон рӯзи 28-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, арзёбии Бонки ҷаҳонӣ воқеъбинона нест.

Ӯ гуфт: "Дар Бонки ҷаҳонӣ иқтисодиёти миллиро медонистагӣ одам нест. Сақфро нигоҳ карда, пешбинӣ мекунанд, чӣ даркор пешбиниҳои дурӯғ? Ин ҷо мутахассисон ҳастанд, вазорат ҳаст, ҳисобу китоб мекунанд. Албатта, як фоизи муайян рушди иқтисод коҳиш меёбад. Аммо вазъият дар мо на он қадар андӯҳовар аст, ки онҳо тасвир мекунанд".

Қудратов афзуд, ҳоло ҳукумати Тоҷикистон бар сари чораҳои пешгирии кам кардани таъсири бади пандемияи короновирус ба иқтисод кор мекунад ва бо шарикони рушд дар музокирот мебошад. Вакилони маҷлис мегӯянд, интизор меравад, ҳафтаи оянда як барномаи кӯмакҳои иҷтимоӣ ба қишри камбизоат ва соҳибкорони хурду миёна тасвиб шавад.

XS
SM
MD
LG