Узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) Ги Друи фаронсавӣ, қаҳрамони олимпӣ дар давидан бо монеаҳо, изҳор дошт, ки нақшаи ҷории омодагӣ оид ба гузаронидани Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Порис бо сабаби пандемияи коронавирус бархӯрди навро талаб мекунад. Шарҳи ӯро хабаргузории France-Presse иқтибос овардааст.
Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Порис аз 26-уми июл то 11-уми август баргузор мешаванд.
"Бӯҳроне, ки мо имрӯз дучор шудаем, ба зиндагии рӯзмарраи мо таъсири дарозмуддат мерасонад, инчунин таъсири иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Он наметавонад ва набояд бидуни оқибатҳо гузарад ва мо ҳама аз он ҳамчун одамони нав хоҳем баромад. Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар ин замина низ истисно нестанд ва бояд ба таври дигар доир шаванд", - гуфт Дру.
"Лоиҳае, ки мо омода кардаем, аллакай кӯҳна шудааст ва ба воқеияти кунунӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Талаботи аввалини мо аз нав баррасӣ кардани буҷаи хароҷоти Олимпиада мебошад. Мо бояд ин бозиҳоро дубора таҷдиди назар кунем ва онҳоро ба ҷаҳони нав мутобиқ созем", - хулоса кард ӯ.
24-уми март маълум шуд Олимпиадаи соли 2020, ки баргузории он тобистони имсол ба нақша гирифта шуда буд, ба иллати пандемияи коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд. Зарари созмондиҳандагон 2,7 миллиард долларро ташкил медиҳад.
28-уми март Тони Эстанге, раиси кумитаи тадорукоти Олимпиадаи соли 2024, гуфт, ки пандемияи коронавирус омодагиро ба мусобиқа душвор хоҳад кард.
Авҷи бемории нави коронавирус дар охири соли 2019 дар Чини марказӣ ба қайд гирифта шудааст. 11-уми март Созмони ҷаҳонии беҳдошт онро пандемия донистааст. Дар ҷаҳон ҳудуди 3 миллион нафар ба ин бемории ҳамагир мубтало шуданд, ки зиёда аз 200 ҳазор нафарашон ҷон доданд.
фикр мекунам, ин афв бештар ба мансабдорон ва наздикони президент нигаронида шудааст, то сармояҳоеро, ки дар хориҷа нигоҳ медоранд, ба кишвар бозгардонанд. Baraks!! In konun baroi konuni kardani pulxoi shirkatxoi ba mis фикр мекунам, ин афв бештар ба мансабдорон ва наздикони президент нигаронида шудааст, то сармояҳоеро, ки дар хориҷа нигоҳ медоранд, ба кишвар бозгардонанд. Baraks! Dar Garb konun bar ziddi pulshui saxtar shudagi. Pulhoi jaamshudaashonro boyad ba afshorho guzaronid. Aafu konuni nakunand, dar Garb pulhoyashonro arest mekunand! Ana baroi hamin! Pulxoi Nazarboevu chand Oligarxhoi Russia yak bor alakai suxta pud.
Шумо ҳамин ҷиноятҳоро дар назар доштед? “Тарафдори факт ва илм”? 1.Инквизиция дар Аврупои асримиёнаги, ки хатто ба тифлони дар батни модарон буда хам рахм намекарданд. 2.Истеъмору дуздиву горатгарии Британияи истеъморгар нисбати Шарку, Хинду, Полинези. 3.Вахшигарихои Фаронсавихо дар Алжир-2 миллион мусалмонони катл шуда. 4.Омрико бо катли берахмонаи Херосима Нагасаки, Вьетнам,Ирок, Афгонистон, Сурия. 5.Русхо дар Кавкозу, Осиёи Миёна ва Афгонистону Сурия. 6.Чангхои 1 ва 2-ми чахони, Олмон, 7.Фаластини гасбшуда.
Эй бародар аз паёмат хастаем, Гарчӣ бар хоки ватан дил бастаем. Бас кун охир ҳарзаву ҳазёни худ, Шод бинмо мардуми нолони худ!
Ягон кишваре нес тки гуфтабошад ТОЧИКИСТОНРО ЗАБТ Карданист? Ман мегуям ки хаст инхел давлат ва номи ин давлат Киргизистон у ба хаштод дар сади вилояти сугдро забт мекардаги ва ин хам ошкоро
10 сол пеш вазият хело хубтар буд, хозир ин оила ошкоро горат мекунад ва аз хеч кас тарс надоран!!!!