Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳудуди 180 шаҳрванди Қирғизистонро аз Иморот баргардонданд


Фурудгоҳи "Манас"-и Қирғизистон.
Фурудгоҳи "Манас"-и Қирғизистон.

Ҳавопаймои ширкати Fly Dubai рӯзи 26-уми апрел 178 шаҳрванди Қирғизистонро аз Дубай ба Бишкек овард. Дар ин бора Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон хабар дод.

Дар Ситод хабар доданд, ки парвозҳои иловагии чартерӣ рӯзҳои 3 ва 10 май низ дар назар аст. Ба иттилои сафорати Қирғизистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА), ҳудуди 280 қирғизистонии дигар баргардонида хоҳанд шуд.

Дар як ҳафтаи охир аз Русияву Туркия бештар аз 700 шаҳрванди Қирғизистон ба ватанашон баргардонида шуданд.

Ба иттилои девони вазирони Қирғизистон, баъди паҳншавии коронавирус бештар аз 4 ҳазор қирғизистонии хориҷ аз ин кишвар дархости ба ватанашон баргаштанро кардаанд.

То 27-уми апрел дар Қирғизистон 695 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст. Дар он кишвар 8 кас аз ин вирус ҷон бохта, 395 тан шифо ёфтааст.

XS
SM
MD
LG