Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Google ба Узбекистон 85 ҳазор евро андоз пардохт


Ширкати Google ба Узбекистон барои семоҳаи аввали соли ҷорӣ 85 ҳазор евро андоз аз арзиши иловашуда ё НДС пардохт.

"То имрӯз тавассути дафтарҳои андоз аз арзиши иловашуда дар Узбекистон ба ҳайси андозсупорандагони довталаб 9 ширкати хориҷӣ сабт шудааст",-хабар медиҳад Кумитаи давлатии андози Узбекистон.

Ширкатҳои мазкур аз инҳо иборатанд: Google Commerce Limited, Google Ireland Limited, Google Voice Inc, Apple Distribution International Limited, Netflix International B.V., Samsung Electronics Co., Ltd, Сleverbridge AG, Xsolla (USA), Inc. ва Activision Blizzard International BV.

Дар Узбекистон барои сабти номи ин ширкатҳо хадамоти махсус - Дафтари Андоз аз арзиши иловашуда таъсис шудааст.

Гуфта мешавад, "Google Commerce Limited" аз миёни ширкатҳои мазкур нахуст ширкатест, ки дар Узбекистон андоз месупорад.

XS
SM
MD
LG