Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Истиқлол" ва "Хатлон". Мусобиқоти футбол то 10-уми май манъ шуд


Бозӣ миёни дастаҳои "Локомотив" ва "Хатлон".
Бозӣ миёни дастаҳои "Локомотив" ва "Хатлон".

Рӯзҳои 25-26-уми апрел бозиҳои даври чоруми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар чор бозӣ мизбонон ва танҳо дар як бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд.

Пешсафони ҷадвали мусобиқа – “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Бохтар пирӯзӣ ба даст оварданд. «Истиқлол» дар майдони худ «Кӯктош»-и Рӯдакиро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод. Се голи мизбононро Рустам Соиров, узви дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба самар расонда, хет-трик кард. Ду голи дигари “Истиқлол” ба Манучеҳр Ҷалилов марбут аст. Холмурод Назаров, бозигари “Кӯктош”, як гол ба дарвозаи худ ва як гол ба дарвозаи мизбонон зад.

«Хатлон» бошад, дар меҳмонӣ бар «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Ҳарсе голи бохтариҳоро Худойдод Узоқов зада, хет-трик кард. Голҳои «Локомотив-Помир»-ро Азизбек Ҳасанов ва Шаҳром Сулаймонов заданд.

Баъди нокомӣ дар оғози мусобиқа «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои Санҷар Рихсибоев ва Дилшод Бозоров ба хуҷандиҳо се имтиёз овард. Ҳисобро дар ин бозӣ Диловаршо Ганиев, бозигари меҳмонон, боз кард.

Бошгоҳи нави лигаи олӣ - «Душанбе-83»-и Душанбе – аввалин пирӯзӣ ба даст овард. Душанбегиҳо ССКА-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуданд. Ҳарду голи ғолибонро Хуршед Абдуллоев ба самар расонд. Голи ягонаи низомиёнро Фирӯз Бобиев зад.

Инчунин дастаи нави лигаи олӣ - «Файзканд»-и Восеъ – дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳои Ҷасур Қурбонов ва Анвар Муродов “Файзканд”-ро ғолиб карданд. Абдуқаҳҳор Қодиров, бозигари меҳмонон, ҳисобро кушод.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии чор даври мусобиқа дар ҷадвали лигаи олӣ «Истиқлол» ва «Хатлон» бо 10-имтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо «Истиқлол» дар ҷойи аввал ва «Хатлон» дар ҷойи дувум қарор доранд. «Файзканд», ки 8 имтиёз гирифтааст, ҷойи севумро касб намудааст.

Ҳамакнун дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2020 танаффуси дуҳафтаина эълон шудааст. Ҳамаи мусобиқоти футбол дар Тоҷикистон то 10-уми май боздошта мешавад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон бар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии коронавирус Covid-19 дар кишвар, ки гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ ва варзиширо бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва амнияти аҳолӣ муваққатан боздошт, чунин тасмим гирифт.

Дар ҳоле ки бозиҳои футбол дар саросари ҷаҳон муваққатан қатъ шудааст, дар Тоҷикистону Беларус, Бурунди, Туркманистон ва Никарагуа мусобиқаи футбол идома дошт.

Бозиҳо дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошогарон мегузашт. Ҳоло Тоҷикистон муваққатан аз ин феҳраст хориҷ шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум

«Истиқлол» – «Кӯктош» – 6:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 14 (1:0). Рустам Соиров, 61 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 65 (3:0). Холмурод Назаров, 68 – ба дарвозаи худ (4:0). Холмурод Назаров, 81 (4:1). Рустам Соиров, 83 (5:1). Рустам Соиров, 90+2 (6:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Рустам Соиров («Истиқлол»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

25-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Файзканд» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Абдуқаҳҳор Қодиров, 45+1 (0:1). Ҷасур Қурбонов, 61 (1:1). Анвар Муродов, 67 (2:1).

Аз майдон хориҷ шуданд: Ҳусейн Аизов («Истаравшан»), 83 – бо вайрон кардани қоида рақибро аз задани имконияти хубтарини голзанӣ маҳрум кард, Ҳоҷибой Зиёев («Истаравшан»), 90+1 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Маҳмадалӣ Содиқов («Файзканд»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

25-уми апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

«Локомотив-Помир» – «Хатлон» – 2:3

Голҳо: Худойдод Узоқов, 31 (0:1). Худойдод Узоқов, 39 (0:2). Азизбек Ҳасанов, 58 (1:2). Худойдод Узоқов, 67 (1:3). Шаҳром Сулаймонов, 83 (2:3).

Аз майдон хориҷ шуд: Маҳмуд Пиров («Локомотив-Помир»), 67 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Худойдод Узоқов («Хатлон»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

26-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Душанбе-83» – ССКА – 2:1

Голҳо: Хуршед Абдуллоев, 8 (1:0). Хуршед Абдуллоев, 84 (2:0). Фирӯз Бобиев, 88 (2:1).

Аз майдон хориҷ шуданд: Исмоилҷон Алимардонов («Душанбе-83»), 44 – рафтори ғайриварзишӣ, Комрони Мирзохон (ЦСКА), 44 – рафтори ғайриварзишӣ.

Беҳтарин бозигари дидор: Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

26-уми апрел. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1

Голҳо: Диловаршо Ғаниев, 23 (0:1). Санҷар Рихсибоев, 24 (1:1). Дилшод Бозоров, 42 (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

26-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

4

3

1

0

17-3

10

2

«Хатлон» (Бохтар)

4

3

1

0

10-7

10

3

«Файзканд» (Восеъ)

4

2

2

0

7-5

8

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

4

2

1

1

8-6

7

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

4

1

2

1

5-7

5

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

4

1

1

2

7-6

4

7

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

4

1

1

2

6-8

4

8

«Душанбе-83» (Душанбе)

4

1

1

2

2-9

4

9

ССКА (Душанбе)

4

1

0

3

5-8

3

10

«Истаравшан» (Истаравшан)

4

0

0

4

3-11

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 7 тӯб, Худойдод Узоқов («Хатлон») – 4 тӯб, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Парвиз Боқиохунов («Хатлон»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ») – 3-тӯбӣ.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG