Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беморхонаи марказии Суғд ба шифогоҳи "пневмония" табдил дода шуд. АКС


Бемористони вилояти Суғд

Мақом ва таъйиноти Беморхонаи марказии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аз муассисаи умумӣ ва гуногунриштаи тиббӣ ба шифохонаи бемориҳои роҳи нафас ва асосан илтиҳоби шуш ё пневмония табдил дода шуд. Гуфта мешавад, дар чанд рӯзи гузашта зиёда аз 100 нафар бо таби баланд ва нишонаҳои илтиҳоби шуш дар ин ҷо барои муолиҷа бистарӣ шудаанд.

Пештар хабар расида буд, ки ин муассиса карантин шудааст. Аммо Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд, рӯзи 25-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷандро карантин накардаанд. Аз сабаби вазъи пешомада ҳамчун муассисае, ки пуртаҷриба аст ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, тибқи нақша ҳамчун ба беморхонаи роҳи нафас барои ҳаминҳоро муолиҷа кардан табдил дода шуд.”

Чанд манбаъ дар Хуҷанд гуфтанд, беморони маъмулӣ ба истиснои онҳое, ки давраи пас аз ҷарроҳиро ба сар мебаранд, рухсат шуда, барои қабули гирифторони илтиҳоби шуш 700 рахти хоб омода гардид. Онҳое, ки нимрӯзии 25-уми апрел аз Беморхонаи марказии вилояти Суғд дидан карданд, мегӯянд, даромадгоҳҳои онро посбонӣ мекунанд ва танҳо афрод ва нақлиёти муайян ҳаққи вуруд ба ҳудуди онро доранд.

Ба гуфтаи Маъруфҷон Ҳоҷибоев, ин ҳолатро наметавон карантин донист: “Он муассисаҳое, ки 14 рӯз нигоҳ медоранд, макони карантин ба ҳисоб мераванд, ин беморхона барои хизматрасонӣ аст. Дар беморхонаи вилоятӣ мо асосан беморҳои роҳи нафасро қабул карда истодаем.” Ӯ дар бораи шумораи бистаришудагон иттилоъ надод.

Илҳом Ҷабборов, сардори Сарраёсати хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд гуфт, карантин дар беморхонаи вилоятӣ бинобар чораҳои эҳтиётӣ ва мутамарказ гардонидани қабули беморони роҳи нафас ҷорӣ шудааст. Ӯ афзуд, дар ҳоли ҳозир дар беморхонаи вилоятӣ беш аз 100 бемори роҳи нафас нигаҳдорӣ мешаванд. "Баъд аз 14 рӯз дар ҳолати манфӣ баромадани натиҷаи тест, яъне сиҳат будани нафарони таҳти шубҳа онҳо аз беморхона ҷавоб дода мешаванд” гуфт ӯ.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ аз дохили бемористон мегӯянд, ҳамаи пизишкон ва парасторони он ба 3 гуруҳ тақсим карда шуданд, то ҳамдигарро барои дарозмуддат иваз карда тавонанд. Бино бар ҷадвал онҳое, ки дар 14 рӯзи оянда беморонро муолиҷа мекунанд, баъдан худ 14 рӯз карантин хоҳанд шуд ва дар давраи баъди тими дувуми пизишкону парасторон ба кор хоҳад пардохт. Ба қавли ин манбаъҳо мақоми Беморхонаи марказии вилояти Суғд аз дирӯз, 24-уми апрел иваз карда шуд.

Мақомот гуфтаанд, ки ба сурати умум дар бемористон ва осоишгоҳҳои вилояти Суғд зиёда аз 1000 рахти хоб омода гашта, ҳамчунин наздик ба 2000 ҷойи дигар дар ҳоли омода шудан аст. Аз ҷумла 100 кати зоишгоҳ ё таваллудхонаи Хуҷанд низ ба ин мақсад мутобиқ карда шудаанд. Аммо ин арқом шубҳабарангезанд, дар ҳоле ки танҳо дар Беморхонаи марказии вилояти Суғд барои беморони пневмония 700 кат ҷудо карда шудааст. Ба ғайр аз ин шуморе аз беморон дар шифохонаи бемориҳои сироятӣ, бемористони рақами 2 дар Хуҷанд, табобатгоҳи ҷисмонии “Ғулакандоз”, беморхонаҳои ноҳияҳои Расулов, Ғафуров, Спитамен ва ғайра ҷойгир карда шуданд.

Ҳоло дар Беморхонаи марказии вилояти Суғд танҳо онҳоеро қабул мекунанд, ки таби баланд ва сулфа доранд, аммо ба таври истисно аз ин ниёзмандони ёрии фаврии тиббӣ аз даромадгоҳи ҷудогона пазируфта мешаванд.

Манбаъҳои хабаргузории «Азия-Плюс» низ аз ин режими нави бемористон иттилоъ додаанд. Онҳо гуфтаанд, то субҳи 24 апрел дар минтақаҳои карантинии вилояти Суғд 606 кас бистарӣ буда, бино бар поён ёфтани муҳлат 2923 нафар ҷавоб дода шудаанд. Дар бораи он ки чӣ теъдод аз карантиншудаҳо таҳти муолиҷаи давомдор мондаанд, хабар дода намешавад.

Як манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, ба камияш ҳудуди 10 нафар дар карантин монда, вазъи бархе аз онҳо вазнин шумурда мешавад. Вале мақомоти расмӣ нахостанд, дар ин бора ба Радиои Озодӣ маълумот диҳанд.

Хабарҳои аввалин маргумири мармуз аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд паҳн шуда, сокинони маҳаллӣ онҳоро ба боз ва номуайян будани сарҳад бо Қирғизистони ҳамсоя ва равуои сокинони ду кишвар ба қалмрави ҳамдигар рабт доданд. Дар Қирғизистон садҳо нафар ба бемории КОВИД-19 мубтало шудаанд.

Баъд аз ин гузоришҳои Радои Озодӣ дар таърихи 9 апрел ба назорати қатъии марз оғоз карданд. Дар ҷамоатҳои Овчӣ-Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тафтиши шиносномаҳо сар шуд ва он рӯз Тоҷикистон вуруди хориҷиёнро ба кишвар мамнуъ эълон намуд. Ин дар ҳоле буд, ки то он вақт шумораи сироятшудагони коронавирус дар Қирғизистон ба 280 нафар расида буд.

Шарҳҳоро бинед (19)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG