Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Узбекистон қарори дарёфти беш аз $ 3 млрд. қарзи хориҷиро имзо кард


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев қарореро имзо кард, ки ба ин ҷумҳурӣ иҷоза медиҳад, аз сохторҳои молии байналмилалӣ ба хотири нарм кардани таъсири коронавирус 3,1 миллиард доллар қарз бигирад.

Дар матни қарори рӯзи 24 апрел дар вебсайти қонунҳои давлатии кишвар нашршуда омадааст, ки ин санад бар асоси мувофиқаҳои қаблӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии рушд, Бонки рушди исломӣ, Бонки Аврупоии бозсозӣ ва рушд ва Бонки сармояҳои инфрасохтории Осиё қабул шудааст.

Муовини нахуствазири Узбекистон Ҷамшед Қочқоров рӯзи гузашта ба журналистон гуфт, ки Узбекистон ҳамчунин интизори дарёфти 375 миллион доллар аз Сандуқи байналмилалии пул аст, ки барои муқобила бо пандемия дода мешавад. Дар Узбекистон то ҳол 1778 нафар ба коронавирус олуда ва марги 7 нафар тасдиқ шудааст.

XS
SM
MD
LG