Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав барои нақзи қоидаи фосилагирии 1,5-метрӣ ҷарима мекунанд


Санҷиши санади мусофирон дар назди истгоҳи метрои “Автомоторная” дар шаҳри Маскав
Санҷиши санади мусофирон дар назди истгоҳи метрои “Автомоторная” дар шаҳри Маскав

Дар Маскав рейди зидди поймолкунандаҳои қоидаи мавсум ба фосилагирии иҷтимоиро ба роҳ мондаанд, ки ба ҳаракати мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ рабт мегирад. Оҷонсии ТАСС бо такя ба корхонаи давлатии “Ташкилкунандаи интиқолҳо” мегӯяд, ки барои нақзи қоидаи фосилагирӣ, ки 1,5 метр муқаррар шудааст, дар ҳаҷми то 5 ҳазор рубл ҷарима ситонида мешавад. Дар хабар гуфта нашудааст, ки то куҷо касе аллакай ҷаримабандӣ шуда тӯли фосилаи миёни мусофирон чигуна мушаххас мешавад.

Дар қарори рӯзи 29 марти шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, ки дар бораи ҷорӣ шудани режими инзивои ҷамъиятӣ хабар дод, аз сокинон тақозо шудааст, ки фосилаи якунимметрии миёни ҳамдигариро риоя кунанд. Ин фосила ҳамчун монеаи паҳншавии вирус дар миёни инсонҳо муқаррар шудааст. Шурӯъ аз 22 апрел иҷозатномаҳои электронии ҳаракат дар нақлиёти Маскав ба кортҳои метро ва рақами мошини сокинон пайваст шудаанд.

Пиёдагардон метавонанд ба кӯча бидуни иҷозатнома бароянд, вале бояд, ки ҳадафи мушаххас дошта бошанд ва гаштугузори оддӣ манъ аст. Барои гаштугузори беҳадаф полис ҷаримабандӣ мекунад. Талоши истифода аз мусофирбар бидуни иҷозатнома ҳам муҷозотро пешбинӣ мекунад.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин рӯзи панҷшанбе гуфт, ки авҷи эпидемия дар пойтахти Русия ҳанӯз хотима наёфтааст ва ба ҳамин хотир режими инзиво ба ҳамин шакл нигаҳ дошта мешавад. Ӯ гуфт, ки тарафдори нарм кардани қоида нест, то ки баъди ин зарурати ташдид ёфтани қоида ваё ба гуфтаи ӯ, ворид кардани нирӯҳои низомӣ пеш наояд. Дар шаҳри Маскав 30 ҳазор нафар ба коронавирус олуда ҳастанд.

XS
SM
MD
LG