Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна буҳрон дар Русия ва ҷаҳон ба муҳоҷирон ва Тоҷикистон зарба мезанад?


Муҳоҷирон дар яке аз фурудгоҳҳои Русия. Акс аз бойгонӣ.

Буҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон, ки дар пайи бемории ҳамагири COVID-19 ба вуҷуд омадааст, осебпазирии муҳоҷирони тоҷик ва иқтисоди Тоҷикистонро бештар кардааст.

Пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ, ки 22-юми апрел нашр шуд, коҳиши рекордии маблағҳои интиқолии муҳоҷиронро дар ҷаҳон пешбинӣ мекунад. Бино ба баҳогузории ин ниҳоди байналмилалии молӣ, кам шудани маблағҳои интиқолӣ ба кам шудани маош ва корёбии муҳоҷирон рабт дорад, ки дар соли 2020 бист дарсадро дар бар мегирад.

Агар дар соли 2019 пули фиристодаи муҳоҷирон 554 миллиард долларро ташкил додааст, пас, дар соли ҷорӣ ҳаволаҳо ба кишварҳои камдаромад ва сатҳи миёна баробар ба 445 миллиард доллар хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар гузориш ба унвони "вобаста аз маблағҳои интиқолии муҳоҷирон" ёд шудаанд, ки "аз барқарор шудани фаъолияти иқтисодӣ дар Русия бурд карда буданд".

Бо вуҷуди ин, муаллифони гузориш таъкид кардаанд, ки дар соли 2020 аз таъсири буҳрони коронавирус ва коҳиши баҳои нафт, интиқоли пул ба кишварҳои Осиёи Марказӣ то 28 дарсад коҳиш меёбад.

"Истеҳсолкунандагони бузурги нафт дар минтақа -- Русия, Озарбойҷон ва Қазоқистон тавре интизор меравад бар асари фишори афзоянда ба арзҳояшон ва рукуди эҳтимолӣ бо касри буҷа рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ҷумла, вобастагии беш аз ҳад аз интиқоли маблағҳо аз Русия метавонад таъсири шокҳои манфии беруна ба иқтисодиёти Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро афзоиш диҳад",- таъкид мешавад дар гузориш.

Вазъ дар Русия

Аз душанбеи ин ҳафта дар бозори ҷаҳонӣ коҳиши бесобиқаи нархи нафт мушоҳида мешавад. Арзиши нафти Brent поинтар аз 16 доллар ва нафти тамғаи русии Urals ба арзиши сатҳи соли 1998 расид. Ҳангоми ин гуна қимат пайдо кардан, хароҷот аз ҳисоби Бунёди некӯаҳволии миллӣ, ки ҳангоми аз 42 доллар боло будани арзиши нафт маблағҳо ба он ворид мешаванд, сурат мегирад.

Бахши русии Би-би-сӣ бо такя ба бонки "Нордеа" пешгӯӣ мекунад, ки қурби доллар дар Русия дар се моҳи наздик 69 рубл барои як доллар ва 76,6 рубл барои як евро хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирон дар Русия на аз поин рафтани рубл, балки аз набуди кор ва даромад изҳори нигаронӣ мекунанд.

Мушкилоти муҳоҷирон

Раҳим, муҳоҷири тоҷик, панҷ соли ахир дар яке аз ороишгоҳҳои Русия сартарош аст. "Беш аз як моҳ аст, ки умуман кор надорам, аз ҳисоби наздикону дӯстон рӯз мегузаронам. На танҳо хонавода, балки худамро ҳам таъмин карда наметавонам. Агар аҳвол ҳамин гуна давом кунад, беҳтараш ба хона баргардам, ин ҷо чӣ биншинам?",- мегӯяд ин ҷавони муҳоҷир.

Аза Мигранян, мудири шуъбаи тадқиқоти иқтисодии Пажуҳишгоҳи кишварҳои ИДМ.
Аза Мигранян, мудири шуъбаи тадқиқоти иқтисодии Пажуҳишгоҳи кишварҳои ИДМ.


"Ҷорӣ шудани карантин дар Русия бар асари паҳншавии короновирус ба коҳиши ҳаҷми истеҳсолот ва поин рафтани ниёз ба кори муҳоҷирон оварда расонид",- мегӯяд мудири шуъбаи тадқиқоти иқтисодии Пажуҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Аза Мигранян.

Ба гуфтаи вай, аз ҳама бештар ҷойҳои кор дар соҳаи хидматрасонӣ аз аз даст мераванд, зеро фаъолияти онҳо боздошта шудааст. "Бо ин вуҷуд, дар ҳоли ҳозир коҳиш чандон эҳсосшаванда нест, зеро басташавии сартосарӣ нест. Масдудиятҳои қисмӣ аст, ки аз ҳисоби соҳаҳои дигар ҷуброн карда мешавад. Агар дар бораи бахши сохтмон суҳбат кунем, ҳарчанд сохтани биноҳои истиқоматӣ ва фарҳангӣ боздошта шуда бошад, вале дар тамоми кишвар сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ босуръат давом дорад. Ин коршинос мегӯяд, ниёз ба муҳоҷирон дар бахши хоҷагии коммуналиву манзилӣ, ки неруи иловагӣ барои гузаронидани корҳои санитарӣ зарур мешавад, афзоиш хоҳад ёфт.

Вазъият ба Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Бо ин вуҷуд, тавре "Известия" бо такя ба низоми интиқоли пули "Юнистрим" менависад, ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба кишварҳои хориҷӣ дар моҳи март 11 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, нашрия хабар медиҳад, ки интиқолҳо аз кишварҳои ИДМ ба Русия то 47 дарсад афзоиш ёфтаанд. Пештози интиқол ба Русия Арманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон будаанд. Ин афзоишро нашрия ба расонидани ёрӣ ба наздиконашон аз хориҷ марбут донистааст.

Соли 2019 ҳаҷми умумии интиқоли пули шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 2 млрд 576 млн долларро ташкил дод, ки баробар ба 33 дарсади ММД кишвар мебошад. Интизор меравад, ки имсол ин ҳаҷми интиқол нахоҳад буд.

Бисёре аз муҳоҷирон бинобар пандемия ҷойҳои кории худро аз даст доданд.
Бисёре аз муҳоҷирон бинобар пандемия ҷойҳои кории худро аз даст доданд.


"Коҳиши интиқоли пул ба даромади мардум таъсири манфӣ хоҳад гузошт ва дар пайи ин шумори онҳое, ки дар фақр зиндагӣ мекунанд, бештар хоҳанд шуд. Ба ҷуз ин кам шудани интиқол маънои кам ворид шудани арзи хориҷиро хоҳад дошт ва мутаносибан коҳиши арзиши сомонӣ меафзояд",-шарҳ медиҳад иқтисоддон Назаралӣ Назаралиев.

Дар қатори хатарҳо, ба ҷуз коҳиши арзиши пули миллӣ, коршиносон инҳоро низ номбар мекунад: боло рафтани қимати маҳсулоти озуқаворӣ ва саноатӣ ва хатари қатъ шудани воридоти онҳо ба кишвар; коҳиши нарх ва ниёз ба колои содиротии Тоҷикистон – пахта, алюминиум, филизоти маъданӣ; эҳтимоли бад шудани вазъи фаъолмандии бонкӣ бар асари хароҷот ба соҳаи тандурустӣ ва дарёфт накардани пардохтҳо аз андоз ва воридоти гумрукӣ.

Ин нуқтаназарро иқтисоддони дигар, ходими илмии Пажуҳишгоҳи иқтисоди Академияи миллии улуми Тоҷикистон Шамсиддин Ҷалолов қисман ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, ки таъсирии манфиро аллакай корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Русия ва содироти Тоҷикистон дар маҷмуъ ҳис мекунанд.

"Яке аз содиркунандагони семент ба далели маҳдудиятҳо дар роҳҳо наметавонад маҳсулоти худро ба хориҷ барад. Ба ҷуз ин, ҳаҷми маҳсулоти ниёзи аввал коҳиш ёфтааст, ки ба боло рафтани нархи маҳсулот ва бештар шудани сарбориҳои будиҷаи оилаҳо оварда расонид",- мегӯяд Ҷалолов.

Умед ба ёриҳо

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи вай, ҳукумати Тоҷикистон вазъро назорат мекунад ва тамоми таъсирҳо ба бозорро меомӯзад ва барои муътадил кардани вазъ аллакай ёриҳоро дарёфт кардааст.

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик.
Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик.


Дар Тоҷикистон чораҳои карантинӣ ҷорӣ нашудаанд, зеро дар кишвар ба таври расмӣ мавридҳои сироят шудан ба короновируси COVID0-19 сабт нашудааст. Вале ёриҳоро барои рафъи паёмадҳои иқтисодии пандемия, кишвар ҳоло дарёфт мекунад.

Аз ҷумла, Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ иттилоъ дод, ки барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 11,3 млн доллар грант ҷудо мекунанд. Барои маблағгузории Барномаҳои вокуниши фаврӣ ба коронавирус, ҳукумати ИМА 866 ҳазор доллар, Олмон 1 млн евро, Бонки Осёии Рушд 100 ҳазор ихтисос додаанд. Иттиҳоди Аврупо ваъда карда, ки ба Тоҷикистон 78 млн евро ёрӣ мерасонад, ки 48 миллиони он грант хоҳад буд ва 30 млн қарз.

Ба ҷуз ин, Сандуқи байналмилалии пул ахиран изҳор дошт, ки шароити қарзро барои 25 кишвари фақир, аз ҷумла Тоҷикистон сабук мекунад. Ин ба маънои он хоҳад буд, ки ба ин кишварҳо дар ҳаҷми 500 млн доллар ёриҳои ройгон расонида хоҳад шуд.

Дар Тоҷикистон "Нақша-чорабиниҳои пешгирии таъсири хатарҳои эҳтимолии ҳамагирии короновирус ба иқтисоди миллӣ" пазируфта шудааст, ки дар он гуфта мешавад, ки кишвар ба соҳибкории хурду миёни имтиёзоти андозӣ медиҳад ва тафтишҳои ғайриандозиро боз медорад. Ба ҷуз ин, тибқи қонуни буҷаи соли 2020, даромадҳои андозӣ бояд 1,7 млрд ё 10 дарсад бештар аз соли 2019 бояд бошанд. Ин ҳаҷми коҳиши буҷа аз ҳисоби чӣ мешавад, ҳанӯз маълум нест.

"Чора дар муқобили кам шудани интиқоли пул рушд додани тиҷорати хурду миёна метавонад бошад. Хусусан, бояд ба бахшҳое таваҷҷуҳ шавад, ки зарфияти бештари содиротӣ доранд. Ҳеҷ замоне мисли ҳоло зарурати тезонидани ислоҳот дар бахши андоз ва кишоварзӣ доғ нашудаасту пеш наомадааст. Дар сурати бомуваффақият амалӣ кардани он, кишвар метавонад дар миёнамуддат асарҳои манфии коҳиши маблағҳои интиқолиро ба иқтисод сабук кунад",- пешниҳод мекунад иқтисоддон Назаралӣ Назаралиев.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG