Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон як зан дар мошини пулис таваллуд кард


Акси кӯдакони навзод аз бойгонӣ гирифта шудааст
Акси кӯдакони навзод аз бойгонӣ гирифта шудааст

Ду корманди Раёсати пулиси шаҳри Тошканд шаби 21 ба 22-юми апрел ба як модари ҷавон дар вақти зоймони тифлаш кумак кардаанд. Зан тифлро дар мошини хидматии кормандони пулис таваллуд кардааст.

Ба огаҳии пулиси Тошканд, кормандони пулис шабонгоҳ ҳангоми гаштугузор дар маҳаллаи таҳти назорати худ дар кӯчаи Истироҳати пойтахти Узбекистон бо ду зане рӯбарӯ шудаанд, ки якеашон ҳомила будааст.

Ин зан бо ҳамроҳии хушдоманаш мехостааст, ба таваллудхона биравад. Кормандони пулис хостаанд, онҳоро то ба беморхонаи рақами 3-и Тошканд расонанд, вале зан дар нимароҳ таваллуд кардааст.

"Вазни тифл 3100 грамм аст. Табибон вазъи модару кӯдакро қаноатбахш арзёбӣ мекунанд", - афзудааст манбаъ.

XS
SM
MD
LG