Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниши бештар дар равобити Эрону ИМА баъди пратоби маҳвора ва таҳдиди киштиҳо дар Халиҷи Форс 


Доналд Трамп, президенти ИМА. 22 апрел, Кохи Сафед
Доналд Трамп, президенти ИМА. 22 апрел, Кохи Сафед

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки амр додааст дар сурати аз ҷониби қаиқҳои низомии эронӣ азияту озор дидани киштиҳои амрикоӣ дар Халиҷи Форс онҳоро хароб кунанд. Ин хабар дар рӯзе нашр шуд, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломии (СПИИ)-и Эрон гуфтанд, ба мадор маҳворабареро партоб кардаанд. ИМА ва дигар кишварҳо ҳанӯз ба мадор расидани маҳворабарро тасдиқ накардаанд. Озори киштиҳои амрикоӣ дар обҳои Халиҷ рӯзи 15 апрел аз ҷониби нирӯҳои баҳрии ИМА гузориш шуд. Киштиҳои амрикоӣ он лаҳзаҳо машғули машқ буданд, ки 11 қаиқи низомӣ ба онҳо “аз роҳи хатарнок ва азияткунанда наздик шуданд”. Трамп дар твиттераш амр дод, ки “дар сурати дар баҳр аз ҷониби қаиқҳои ҷангии эронӣ азият шудани киштиҳои амрикоӣ ба сӯи онҳо оташ кушода хароб бикунанд”. Як сухангӯи низомии эронӣ гуфт, ки ИМА “бояд ба ҳифзи нирӯҳои мусаллаҳаш аз таҳдиди коронавирус тамаркуз кунад”. Таҳлилгарон мегӯянд, партоби маҳвора метавонад тавонмандиҳои Эронро дар рушди мушакҳои баллисткии байниқоравӣ афзоиш бидиҳад. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки ин партоб қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ-ро нақз мекунад.

XS
SM
MD
LG