Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон аз кишоварзон хост, рӯзаро вақти дигар бигиранд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми телевизиониаш ба муносибати моҳи мубораки Рамазон, дар баробари шодбошии мардум ба ин муносибат, ҳамзамон ба хатарҳои бемории КОВИД-19 ишора кард. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки дар Тоҷикистон гирифторӣ ба ин беморӣ то ба ҳол ба қайд гирифта нашудааст. Ин беморӣ, ки охирҳои соли гузашта дар Чин пайдо шуд, то кунун боиси ҳалокати беш аз 175 ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон шудааст.

Президенти Тоҷикистон дар ин паёми худ аз кишоварзон даъват кард, ки бо дарназардошти мавсими киштукор рӯзадориро ба вақти дигар гузоранд. Ӯ аз ҷумла гуфтааст, шахсоне, ки осоиши ҷомеа аз касбу кори онҳо вобаста мебошад ва ба ибораи дигар, дар хизмат мардум ҳастанд, метавонанд дар асоси сабукиҳои зикршуда дар ислом, рӯзаи худро ба вақти дигар гузаронанд.

Ба эътиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар баробари рӯзадорӣ дар ин моҳ "мо набояд дидаву дониста, дар натиҷаи нанӯшидани об ва нахӯрдани хӯрок, ки хусусан, ба саломатии калонсолон зарар дорад, ба ҷони худ ҷабр кунем ва ба худкушӣ даст занем. Зеро дар натиҷаи рӯзи дароз ташнаву гурусна будан масунияти бадани одам паст шуда, онро ба қабули ҳар гуна бемориҳои сироятӣ осебпазир мегардонад".

Соли гузашта низ Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд, ки сохмончиёни нерӯгоҳи "Роғун" ба хотири расидан ба ҳадафи стратегии кишвар метавонанд рӯзадорӣ дар моҳи Рамазонро мавқуф гузоранд.

Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 24-уми апрел оғоз мешавад. Ин моҳ дар ҳоле дар Тоҷикистон фаро мерасад, ки мақомот бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус намозҳои панҷвақтаву ҷумъа ва таровеҳро дар масҷидҳо манъ кардаанд. Баргузории маросими ифтору идгардак ҳам манъ аст, вале мақомот танҳо намозу таровеҳ бо ҳузури аъзои оиларо дар хона иҷозат додаанд.

Фавти чанд нафар дар минтақаҳои кишвар, ки мақомот дар аксари мавридҳо онро ба бемории илтиҳоби шуш рабт медиҳанд, нигаронии сокинонро ба миён овардааст. Дар пасманзари паҳн шудани коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, бархеҳо ба фарзияҳои расмӣ шубҳа мекунанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар то кунун ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон низ айни гапро гуфт.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон фавти бархе аз сокинон аз бемории пневмонияро ба вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи ахир рабт дод. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз корбарон гуфтаҳои мақомотро зери суол бурда, мепурсанд, чаро дар фасли зимистон пневмония зиёд нашуд, вале ҳоло шумораи гирифторони ин беморӣ афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG