Дар Олмон барои нахустин санҷиши клиникии воксинаи зидди коронавирус иҷоза доданд. Дар ҷаҳон шумори мубталоёни вирус аз 2,5 миллион нафар гузашта, то ҳол 178 ҳазор нафар ҷон додааст. Нахустин озмоиши воксин дар бадани 200 ихтиёрии солим барпо шуда, дар навбати баъдӣ нафароне ҷалб мешаванд, ки дар ҳолати риски бештари олудашавӣ қарор доранд. Санҷиши воксине бо номи BNT162 инчунин дар ИМА ҳам ба нақша гирифта шуда буд. Ин кишвар феълан беш аз дигарҳо аз паҳншавии вирус осеб дидааст. Президент Доналд Трамп гуфт, ки барои муддати муваққат иҷрои барномаи муҳоҷиратро ба хотири ҳимоят аз ҳақи кору коргарон бозмедорад, вале ин тасмими ӯ мавриди интиқоди мухолифон шуд. Сенати Амрико барномаи ёрӣ ба тиҷоратҳои хурду беморхонаҳо дар ҳаҷми 500 миллиард долларро қабул кард. Ин барномаи ёрӣ ба барқарорсозии иқтисоди осебдида аз паёмадҳои пандемияи коронавирус равона шудааст. Дар Итолиё мақомот гуфтанд, ки бахши соҳибкорӣ метавонад аз 4 май корро шурӯъ кунад, вале бисёр маҳдудиятҳои дигар ҳамоно побарҷо хоҳад монд. Испания, ки баъди ИМА ва Итолиё кишвари сеюми шадидан осебдида аз вирус мебошад, гуфт, дар 24 соати гузашта 435 нафари дигар бар асари коронавирус ҷон доданд. Рӯзи дуюм аст, ки дар ин кишвар омори қурбониҳои вирус афзоиш меёбад. Чин, ки сарчашмаи пайдоии вирус маҳсуб меёбад, гуфт, ки тавонист пеши роҳи паҳншавии вирусро бигирад, вале тарс аз пайдоишу паҳншавии мавҷи дуюми вирус боқӣ мемонад. Мунаққидон Чинро барои набуди шаффофият дар иттилоърасонӣ оид ба пайдоиши вируси марговар дар Вуҳан дар моҳи декабри порсол айбдор мекунанд.