Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон иддао кард, ки маҳвораро ба мадор фиристод


22 апрел. Эрон аз макони номаълум маҳвораеро ба мадор партоб кард. Эҳтимолан ин вилоятр Симнон аст
22 апрел. Эрон аз макони номаълум маҳвораеро ба мадор партоб кард. Эҳтимолан ин вилоятр Симнон аст

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии (СПИИ)-Эрон рӯзи 22 апрел гуфтанд, ки баъди талошҳои нокоми чанд моҳи гузашта ниҳоят як маҳвораи низомиро ба мадор партоб карданд. Телевизиони давлатӣ ва оҷонсии хабарии марбут ба СПИИ-и “Тасним” дар нашри ин хабар партоби маҳвораро “муваффақиятомез” қаламдод карданд. Феълан тасдиқи ин хабар тавассути манобеи мустақил вуҷуд надорад, вале бархе таҳлилгарон изҳори нигаронӣ карданд, ки ин фанноварӣ ба Эрон дар эҷоди силоҳҳои байниқоравии баллистикӣ мусоидат карда метавонад. Телевизиони давлатӣ дар нашри хабар гуфт: “Нахустин маҳвораи низомии “Нур” субҳи имрӯз дар ду марҳила аз қисмати марказии Эрон партоб шуд. Партоб муваффақиятомез буд ва маҳвора ба мадор расид”. Дар вебсайти расмии СПИИ гуфта шудааст, ки маҳвора дар фосилаи 425 км аз Замин ба мадор наздик шуд. Ин гурӯҳи ниманизомӣ гуфт, ки маҳвораи чандзинаӣ барои расидан ба мадор аз маҳворабари “Қосид” истифода кард, ки то ҳол дар борааш иттилое вуҷуд надошт.

Дар чанд моҳи гузашта Эрон чанд талоши нокоми партоби маҳвораро кард.

Департаменти давлатии ИМА ва Пентагон гуфтанд, ки чунин партобҳо тавонмандиҳои Эронро дар рушди силоҳҳои баллистикӣ тақвият медиҳад. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки равобити Эрону ИМА дар паи берун шудани Вашингтон аз созиши ҳастаӣ ва куштори фармондеҳи аршади СПИИ Қосим Сулаймонӣ дар моҳи январ печидатар шудааст.

XS
SM
MD
LG