Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 500 қирғизистониро аз Русияву Туркия ба ватанашон меоранд


Бозгашти қирғизистониҳо аз хориҷ.
Бозгашти қирғизистониҳо аз хориҷ.

Интизор меравад, рӯзҳои 22 ва 24 апрел аз Русияву Туркия ҳудуди 500 қирғизистониро ба ватанашон баргардонанд. Дар ин бора Қубодбек Боронов, ноиб-сарвазири Қирғизистон хабар дод.

Имрӯз, 22 апрел аз шаҳри Новосибири Русия 176 шаҳрванди Қирғизистон баргардонида хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, рӯзи 24 апрел бо як парвози чартерӣ 350 шаҳрванди Қирғизистон аз Истамбули Туркия баргардонида мешавад.

Боронов гуфт, ҳамаи қирғизистониҳои баргаштаро ба карантин хоҳанд гирифт.

Ба иттилои Девони вазирони Қирғизистон, баъди паҳн шудани коронавирус дар саросари дунё бештар аз 4 ҳазор қирғизистонӣ хоҳиши баргаштан ба ватанашонро кардаанд.

То 22 апрел дар Қирғизистон 612 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. 254 тан баъди шифо ёфтан аз бемористон рухсат ёфтааст. Дар маҷмуъ дар он кишвар 7 кас аз вируси корона фавтидааст.

XS
SM
MD
LG