Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи доварони ФФТ: Пеналтӣ ба дарвозаи "Хатлон" дуруст, аммо корти зард ба капитан нодуруст буд


Доварон бо капитанҳои дастаҳои "Истиқлол" ва "Хатлон".
Доварон бо капитанҳои дастаҳои "Истиқлол" ва "Хатлон".

Дар ҷаласаи кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 21-уми апрел дар дафтари ФФТ баргузор шуд, шикояти бошгоҳи футболи «Хатлон»-и Бохтар нисбати ду ҳолат дар бозии даври сеюми қаҳрамонии Тоҷикистон бо «Истиқлол» баррасӣ гардид. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, кумитаи доварони ФФТ пас аз тамошои сабти видеоии бозии қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол»-и Душанбе ва “Хатлон»-и Бохтар, тасмим гирифт, ки сардовар Насрулло Кабиров ба дарвозаи “Хатлон” дуруст, тибқи қоидаҳои футбол, пеналтӣ таъйин намудааст.

“Дарвозабони “Хатлон» Куайе Годсон дар дохили ҷаримагоҳ муқобили бозигари «Истиқлол» қоидаи бозиро вайрон кардааст”, - гуфта мешавад дар хабари сомонаи ФФТ.

Кумитаи доварони ФФТ оид ба ҳолати дувум тасмим гирифт, сардовар дар дақиқаи 80-уми бозӣ ба нимҳимоятгар Умарҷон Шарипов, капитани дастаи «Хатлон», корти сурх (корти дувуми зард) нишон дод, ки ин нодуруст аст.

Кумитаи доварон аз Кумитаи назорат ва интизоми ФФТ дархост намуд корти сурх (корти дувуми зард)-ро, ки сардовари бозии “Истиқлол» - “Хатлон» Насрулло Кабиров ба бозигари “Хатлон» Умарҷон Шарипов нишон дод, бекор намояд.

Илова бар ин, бо қарори кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон сардовар Насрулло Кабиров барои нодуруст нишон додани корти сурх (корти дувуми зард) ба бозигари «Хатлон» аз ҳакамӣ дар ду даври қаҳрамонии Тоҷикистон маҳрум шуд.

Ёдовар мешавем, бозии марказии даври сеюми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни пешсафони мусобиқа - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар, ки 19-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Ҳисобро дар ин дидор ҳамлагари «Хатлон» Парвиз Боқиохунов дар дақиқаи 9-ум боз кард. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 32-юм ҳисобро баробар намуд. Пеш аз танаффус Умарҷон Шарипов тӯби дувумро ба дарвозаи мизбонон ворид кард. Ба «Истиқлол» танҳо дар замони изофа (90+5) муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонд.

Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии «Хатлон», баъди бозӣ бо “Истиқлол” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз ду ҳукми довар изҳори нигаронӣ карда, гуфт, "сардовар ба капитани дастаи мо Умарҷон Шарипов корти сурх (корти дуюми зард) нишон дод ва ӯро аз майдон хориҷ кард. Инчунин ба дарвозаи дастаи мо пеналтӣ таъйин намуд. Ба назари мо ҳукми сардовар дар ҳарду маврид одилона набуд, зеро ҳеҷ гуна вайрон кардани қоидаи бозӣ ба назар нарасидааст. Дар баъзе лаҳзаҳо сардовар бояд ба бозигарони “Истиқлол” низ корти зард нишон медод, вале ин ҳолатҳоро нодида гирифт".

Дастаи «Хатлон», ки ба ҷуз аз легионери африқоӣ аз Гана - дарвозабон Куайе Годсон - аз ҳисоби бозигарони ҷавони маҳаллӣ таркиб ёфтааст, дар бозӣ бо «Истиқлол» хеле хуб ҳунарнамоӣ карда, ба қаҳрамони Тоҷикистон муқобилияти сахт нишон дод. Годсон, ки бозигари беҳтарини ин дидор дониста шуд, зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ иброз дошт, ки барои таъйин кардани пеналтӣ сардовар ҳеҷ гуна асос надошт.

Зимнан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз наҳваи бархӯрди сардовар ва тайъин кардани ҷаримаи ёздаҳметрӣ ба дарвозаи "Хатлон" норозигӣ карданд. Онҳо аз ҷумла гуфтанд, ки дар ин маврид қоидаи бозӣ вайрон нашуда буд ва сардовар ба иштибоҳ роҳ дод.

Ба ин тартиб, пешсафон – «Истиқлол» ва «Хатлон» - бо ҳафтимтиёзӣ мавқеашонро дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон нигаҳ доштанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Истиқлол” дар ҷойи аввал ва “Хатлон” дар ҷойи дувум қарор доранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG