Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF: Қазоқистон дар миёни кишварҳои дорои матбуоти "ноозод" боқӣ монд


Қазоқистон дар гузориши солонаи "Гузоришгарони бидуни марз" (RSF), ки 21-уми апрел нашр шуд, дар миёни кишварҳои дорои матбуоти "ноозод" дар ҷаҳон боқӣ мондааст. Ин кишвар дар "Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот - 2020" дар мақоми 157-ум қарор гирифтааст.

"Гузоришгарони бидуни марз" мегӯяд, Нурсултон Назарбоев баъди 30 соли раҳбарии Қазоқистон моҳи марти соли гузашта аз мақоми президентӣ "рафт", вале зимоми қудратро ҳамоно дар даст дошта, ҳанӯз ҳам ба тақдири ин кишвар таъсиргузор аст.

Ба гуфтаи коршиносони RSF, ҳукумати Қазоқистон шеваҳои саркӯбгароёнаи худро такмил менамояд. Аз ҷумла, назорати шабакаҳои иҷтимоиро пурзӯр карда, аз таъқибҳои онлайнӣ истифода мекунанд. "Корсозтарин шева"-и мақомот маҳдуд кардани дасрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳо буда, блогерҳоро ё зиндонӣ ва ё дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ бистарӣ мекунанд.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон мақоми баландтар - 82-умро касб кардааст. Узбекистон дар раддаи 156-ум, Тоҷикистон дар 161-ум ва Туркманистон дар раддаи 179-ум қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG