Се кӯдаки 2, 7 ва 10-сола аз як оила дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) баъд аз хӯрдани занбуруғ заҳролуд шуда, дар бемористон фавтидаанд. Масъулони бемористони марказии ноҳияи Ҷайҳун 21-уми апрел ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, ҳодиса ҳафтаи гузашта рух дод. Кӯдаконро 14-уми апрел дар бемористон бистарӣ кардаанд. Модари кӯдакон гуфтааст, фарзандонаш ҳамон рӯз як коса занбуруғ чида, аз ӯ хоста буданд, барояшон бипазад. Баъди хӯрдани он вазъи саломати кӯдакон бад шудааст. Пизишкон мегӯянд, тамоми талоши худро барои наҷоти кӯдакон сарф карданд, аммо рӯзи 17-уми апрел Нигорамоҳ Ҳомидоваи даҳсола, рӯзи 18-уми апрел Рустамҷони дусола ва рӯзи 19-уми апрел Нозанини ҳафтсоларо аз даст доданд. Ба қавли табибон, узви дигари ин хонавода Басонати Ҳомидоваи шашсола зери назорат аст ва айни замон вазъияташ муътадил арзёбӣ мешавад.