Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА баъди дувоздаҳ сол дар Беларус  сафири худро таъин кард


Ҷулие Фишер сафмри нави ИМА дар Беларус шуд
Ҷулие Фишер сафмри нави ИМА дар Беларус шуд

Дар паи беҳтар шудани робитаҳои Беларус ва ИМА, Вашингтон сафири нави худро дар ин кишвар таъин кард. Рӯзи 20 апрел президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки дипломати собиқадор дар умури Аврупо Ҷулие Фишер сафири нав дар Минск хоҳад буд. Дар гузашта Фишер дар НАТО ва кишварҳои Русия, Гурҷистон ва Украина кор кардааст. Соли 2008 президенти Беларус Аляксандр Лукашека ба коҳиши шумори дипломатҳои амрикоӣ дар кишвараш амр дод ва ИМА сафирашро аз Минск бозхонд кард. Ин замоне буд, ки ду сол баъди интихоботи президентии Беларус ва саркӯби эътирозҳову норозиҳои сиёсӣ Вашингтон дар посух ба нақзи ҳуқуқи инсон дар Беларус таҳримҳо ҷорӣ кард. Моҳи феврали имсол дар мулоқот бо Лукашека вазири хориҷаи ИМА Майк Помпео гуфт, ки Вашингтон хостори равобити наздиктар бо Минск мебошад. Ин таҳаввулот баъди он рух дод, ки Беларус дар амри дурӣ аз Русия гуфт, ки майл ба равобити наздиктар бо Ғарб дорад. Бо ин ки ИМА мегӯяд Беларус набояд дар паи интихоби ҳамкорӣ бо Маскав ё Вашингтон бошад, моҳи феврал Помпео гуфт, ки ИМА “хостори кӯмак ба Беларус дар бунёди давлати мустақил аст”.

XS
SM
MD
LG