Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Толибон 19 узви нирӯҳои рӯ ба ҳукумат кушта шуданд


Мактабе дар Тахор мавриди ҳамла қарор гирифт. Мақомот масъулиятро ба дӯши Толибон влгузор карданд, вале Толибон инро эътироф намекунанд. 4 феврали соли 2020
Мактабе дар Тахор мавриди ҳамла қарор гирифт. Мақомот масъулиятро ба дӯши Толибон влгузор карданд, вале Толибон инро эътироф намекунанд. 4 феврали соли 2020

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки дар ҳамлаи Толибон дар минтақаи шимолии Тахор 19 узви нирӯҳои рӯ ба ҳукумат кушта шуданд. Раиси ноҳияи Хоҷағор Муҳаммад Умар рӯзи 20 апрел гуфт, ки ҷангҷӯёни Толибон ба минтақа шабонгоҳ аз самтҳои мухталиф ҳамла карда, то субҳ ҷангиданд. Вазорати дифоъ гуфт, ки дар миёни Толибон ҳам қурбониҳо вуҷуд доранд. То ин лаҳзаҳо Толибон ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Бо ин ки охири моҳи феврал ИМА ва Толибон созиши сулҳро имзо карданд, ҳодисаҳои ҳамлаи шӯришиён ба нирӯҳои ҳукуматӣ хотима намеёбад.

XS
SM
MD
LG