Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхони опера барои ташвиқи раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар Осетияи Шимолӣ боздошт шуд


Дар эътирози рӯзи 20 апрел ду ҳазор сокини Осетияи Шимолӣ иштирок карданд
Дар эътирози рӯзи 20 апрел ду ҳазор сокини Осетияи Шимолӣ иштирок карданд

Мақомот дар ҷумҳурии Осетияи Шимолии Русия, ки бахше аз Қафқози Шимолӣ аст, овозхони опера Вячеслав Челдиевро бо иттиҳоми ташвиқи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ боздошт карданд.

Рӯзи 21 апрел вакили дифои Челдиев – Батраз Кулчиев дар сӯҳбат бо ТВ Настоящее время гуфт,ки зерҳимояи ӯ ба нишони эътироз аз боздошти думоҳааш даст ба гуруснанишинӣ зад.

Челдиев, ки дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекунад, аз сокинони Осетияи Шимолӣ даъват кард, ки зидди тадбирҳои маҳдудкунандаи марбут ба коронавирус эътироз ва истеъфои раиси ин ҷумҳурӣ Вячеслав Битаров ва ҳукумати ӯро тақозо кунанд.

Овозхон ҳафтаи гузашта дар Санкт-Петербург боздошт ва рӯзҳои истироҳати гузашта ба Владикавказ интиқол дода шуд. Ӯро дар паҳн кардани хабарҳои дурӯғин дар бораи коронавирус ва озори полис айбдор мекунанд, вале худи овозхон ин иттиҳомотро рад кардааст.

Вадим Челдиев барои он боздошт шуд, ки дар Санкт-Петербург истода мардуми Осетияи Шимолиро ба эътироз даъват кард
Вадим Челдиев барои он боздошт шуд, ки дар Санкт-Петербург истода мардуми Осетияи Шимолиро ба эътироз даъват кард


Полис дар Осетияи Шимолӣ рӯзи 21 апрел гуфт, ки дирӯз дар паи эътирозҳои чандсоата 39 эътирозгар ҳам боздошт шуд. Рӯзи 20 апрел ҳудудан 2 ҳазор нафар дар майдони марказии пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Владикавказ бо талаби истеъфои Битаров таҷаммӯъ карданд. Дар паи чанд соат эътирозҳо полис мардуми ҷамъшударо бо шеваи хушунатомез пароканда кард.

Пеш аз он ки эътироз пароканда шавад, Битаров ва даҳҳо эътирозгар тадбирҳои маҳаллии коҳиши шиддати паҳншавии коронавирусро баррасӣ карданд. Дар Осетияи Шимолӣ шумори олудашудаҳо ба коронавирус 211 нафар буда, марги ду тан тасдиқ шудааст.

Чанде баъд Битаров гуфт, ки “гурӯҳи махсуси ташаббускор” иборат аз намояндагони эътирозгарон ба мушкилоти дар паи коронавирус эҷодшуда муроҷиат мекунанд.

Ӯ ваъда дод, ки оилаҳои дар паи пандемия аз даромад ва кор маҳрумшуда “аз ҳукумат тамоми ёриҳои заруриро дарёфт хоҳанд кард”.

XS
SM
MD
LG