Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев қонуни ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони узбекро имзо кард


Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев қонуни тасвиби созишнома бо Узбекистонро дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони ду кишвар ба имзо расонд. Дар ин бора сомонаи президент иттилоъ додааст.

"Аз ҷумла ба муҳоҷирон дарёфти ёрии тиббӣ кафолат дода мешавад. Ҳамчунин дар сурати бардоштани ҷароҳат ё осеб дидани саломатияшон ҳангоми иҷрои вазифа, ҷубронпулӣ дарёфт хоҳанд кард", омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ба ҷуз ин, созишнома ба муҳоҷирон имкон медиҳад, дар бахши омӯзгорӣ, тиббӣ ва дорусозии кишвари мизбон бо шаҳодатномае кору фаъолият кунанд, ки дар ватан ба даст овардаанд.

Он ҳамчунин пардохти нафақа ва таъминоти иҷтимоиро барои муҳоҷирон пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG