Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба мори тоза кашфшуда исми қаҳрамони китоби “Ҳарри Потер” гузошта шуд


Trimeresurus salazar ба ифтихори қаҳрамони афсонавии нависанда Ҷоан Роулинг гузошта шудааст
Trimeresurus salazar ба ифтихори қаҳрамони афсонавии нависанда Ҷоан Роулинг гузошта шудааст

Донишмандоне, ки навъи нави морро кашф карданд, ба он исми як қаҳрамони китоби Ҷоан Роулинг, нависандаи англис ва муаллифи афсонаҳо дар бораи Ҳарри Потерро гузоштанд. Навъи мори тоза кашфшуда ба ифтихори Салазар Слизерин, муассиси Мактаби ҷоду – қаҳрамони китоб - Trimeresurus salazar гузошта шуда, дар ин бора дар шумораи моҳи апрелии маҷаллаи Zoosystematics and Evolution хабаре нашр шудааст.

Мори тоза кашфшуда аз оилаи морҳои афъӣ мебошад ва дар аёлати шимолушарқии Аруначал-Прадеши Ҳинд ошкор шудааст. Дар гузориши илмӣ гуфта мешавад, ки донишманди афсонавие, ки ба ифтихори ӯ мори нав номгузорӣ шудааст, забони морҳоро мефаҳмид.

XS
SM
MD
LG