Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ мубаллиғи тоҷикро дар Ҳинд дастгир кардаанд


Дар Ҳинд ҳазорон нафар мисли ин мард дар карантин ҳастанд.
Дар Ҳинд ҳазорон нафар мисли ин мард дар карантин ҳастанд.

Бино ба гузориши матбуоти Ҳинд, дар ин кишвар 5 мубаллиғи динӣ аз Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Эвеню Мейл, як расонаи интернетии Ҳинд рӯзи 18-уми апрел хабар дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 24-уми март дар масҷиди Тамар дар шаҳри Ҷарханд дастгир шудаанд.

Вебсайт аз қавли афсарони пулиси Ҳинд навиштааст, ки ин афрод ба таблиғи ғайриқонунии Ислом машғул будаанд. Сабаби боздошт ба гуфтаи афсарони пулис, риоят накардани муқаррароти карантин ва низоми раводид будааст. Дар хабар омадааст, ки дар умум 11 нафар мубаллиғи диниро дастгир карданд ва чаҳор нафари онҳо аз Чин ва се тани дигар аз Қирғизистон будаанд.

Дар хабар аз қавли Раҷив Ранҷан афсари пулис навиштаанд: “Ҳангоми таҳқиқ маълум кардем, ки ин афрод бо раводиди туристӣ омадаанд, вале дар масҷиди Тамар пайдо шуданд. Онҳо ба афсарони пулис гуфтанд, ки барои хондани мавъизаҳои исломӣ дар шаҳри Ҷарханд ба инҷо омадаанд.” Шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамроҳони онҳоро баъди ташхис аз бемории КОВИД-19 ба карантин фиристодаанд. Маълум нест, ин мубаллиғон аз Тоҷикистон рафтаанд ва ё аз кишвари дигар. Назари сафорати Тоҷикистон ва Чину Қирғизистон ҳам дар хабар оварда нашудааст.

XS
SM
MD
LG